Хайрулло Раҳимов: «Парчами миллӣ-фахри ҳар як сокини ҷумҳуриамон мебошад»

«Мардуми сарбаланди Тоҷикистон Парчами давлатиро ифодагари ваҳдату ягонагӣ,  бахту саодат, дӯстию рафоқат ва волотарин орзуву омоли худ медонад, ки дартарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихор ва ҳувияту худшиносии миллӣ нақши бориз дорад. Парчами давлатӣ ба оламиён аз мавҷудияти миллати соҳибтамаддуни тоҷик ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон, яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол паём мерасонад, ки ин фахри ҳар як сокини ҷумҳуриамон мебошад. Қоматафрохтани баландтарин ва пуршукӯҳтарин парчами рӯи замин-Парчами миллии мо дар маркази кишвар аз эҳтироми хоси шаҳрвандони кишвар нисбат ба ин рамзи муҳими давлатдорӣ башорат медиҳад», — иброз намуд Директори генералии ҶСК«Тоҷик Эйр»,  Хайрулло Раҳимов бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон.

Кормандони «Тоҷик Эйр» ба ин рамзи муқаддаси миллӣ—Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтироми хосса дошта, дар иҷрои вазифаҳои хизматии худ тамоми шароит ва имкониятҳои заруриро барои парвозҳои бехатари шаҳрвандон фароҳам оварда, дар пешрафту нумӯи кишварамон нақши муассири худро мегузоранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *