Хайрзодаро аз прокурорӣ озод карданд

Фирӯз Хайрзода, писари муовини собиқи раиси Агентии мубориза бо коррупсия Давлатбек Хайрзода, ба сабаби доштани шаҳрвандии Русия аз мақоми ёвари додситони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барканор шудааст. Худи Давлатбек Хайрзода се моҳ боз дар боздошт қарор дорад.

Хабаргузории SugdNewsрӯзи 25 июл аз қавли чанд манбааш дар додситонии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд хабар дод, ки Фирӯз Давлатбек Хайрзода, собиқ ёвари додситони ин ноҳия аз мақомаш ба далели доштани шаҳрвандии Русия барканор карда шудааст. Ба гуфтаи як манбаи SugdNews, шиносномаи русии Фирӯз Хайрзода ҳангоми кофтукоби манзили падараш ёфт шудааст.

Манобеи ин хабаргузорӣ гуфтаанд, дақиқан бо кадом асос аз кор барканор шудани Фирӯз Хайрзода маълум нест, вале номи вайро аз лавҳаи дари ҳуҷраи ёвари додситони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тақрибан 20 рӯз пеш кандаанд.

Соли гузашта дар Тоҷикистон қонуне қабул шуд, ки кормандони давлатӣбахусус мақомоти ҳифзиҳуқуқ ҳақққи гирифтани шаҳрвандии кишварҳои дигарро надорандШаҳрвандони кишварҳои дигарбар асоси ин қонуназ ҳаққи кор кардан дар идораҳои давлатии Тоҷикистон маҳрум мешаванд.

Дар моҳи майи соли ҷорӣ Фирдавс Ҷаҳонгирӣ, додситони шаҳри Истаравшан ба сабаби доштани шаҳрвандии Русия аз ин мақом барканор шуда буд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ахиран хабар дод, ки се корманди милиса низ ба сабаби доштани шаҳрвандии Русия тарки кор кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *