ХБА ба Тоҷикистон 189 миллион ҷудо кард. Куҷо сарф мешавад?
Вазорати молияии Тоҷикистон мегӯяд, ки 189 миллион долларе, ки Хазинаи байналмилалии асъор ба Тоҷикистон ҷудо кардааст, қарзи имтиёзнок мебошад. Ин маблағ асосан ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ равона мегардад.
“Бо дарназардошти вазъи имрӯзаи иқтисодӣ ва эҳтимоли зиёди коҳиши ҳаҷми даромадҳои буҷети давлатӣ дар соли 2020, бо бартарият барои иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, аз ҷумла пардохти музди меҳнат ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ, зиёд намудани ҳаҷми маблағгузориҳо ба соҳаи тандурустӣ, афзоиши ҳаҷми кумакҳои унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат, инчунин хизматрасонии қарзи беруна ва маблағгузории дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ равона карда мешаванд”, -дар ин бора иттилоъ додааст Вазорати молияи Тоҷикистон.
Мутобиқи шартҳои қарзгирии оҷилии ХБА, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадор аст, ки ҳар семоҳа дар сомонаҳои расмӣ ҳисоботи истифодаи маблағҳои ҷудогардида, инчунин ҳамасола натиҷаи санҷиши истифодаи ин маблағҳоро, ки бояд аз ҷониби Палатаи ҳисоб анҷом дода шавад, нашр намояд.
ХБА аввали моҳи марти соли 2020 ҷиҳати дастгирии молиявии кишварҳои аъзои ин созмон ҷиҳати ҷудо намудани кумаки молиявӣ дар ҳаҷми 1 триллион доллар хабар дода буд. Дар баробари дигар кишварҳои аъзо Тоҷикистон барои дарёфти қарзи оҷилӣ ва имтиёзноки ХБА нимаи аввали моҳи марти соли 2020 расман муроҷиат намуд. Дархости Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ин созмони молиявии ҷаҳонӣ қабул гардида, гуфтушунидҳо таҳти сарпарастии хонум Падмажа Ҳанделвал аз ҷониби ХБА ва муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон фавран шурӯъ шуданд. Дар натиҷаи ин гуфтушунидҳо ҷонибҳо барои ҷалби 80 фоизи квотаи қарзгирии барои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншуда, яъне 189,0 млн доллари амрикоӣ ҳамчун қарзи имтиёзноки дарозмуддат барои 10 сол бо 5 соли имтиёзӣ ба тавофуқ расиданд.
Роҳбарияти ХБА 6 майи соли равон барои Тоҷикистон ҷудо намудани 189,0 млн доллари амрикоӣ қарзи имтиёзнок қарор қабул намуд ва маблағҳои мазкур 8 майи соли 2020 ба суратҳисоби махсуси Вазорати молияи Тоҷикистон дар Бонки миллии Тоҷикистон ворид шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ