Хеши президент 160 мусофирро аз ҳавопаймо берун кард

Як хеши наздики президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳамроҳ бо аъзои хонаводааш тамоми мусофирони як ҳавопайморо берун карда, бо ин ҳавопаймо худ ва хонаводааш парвоз кардаанд.

Як манбаъ гуфт, ин ҳодиса тақрибан як моҳ пеш дар масири парвози Туркманобод-Ишқобод рух додааст. Дар натиҷа 160 мусофири соҳиби чипта натавонистанд бо ҳавопаймо парвоз кунанд.

«Хеши президент ҳамроҳ бо хонаводааш аз истироҳат бармегашт. Ба сабаби он ки ҳавопаймои махсус сари вақт ҳозир нашуд, вай мусофиронро аз ҳавопаймои мавҷуда берун оварда, худу хонаводааш парвоз карданд», — гуфт як намояндаи фурудгоҳи Туркманобод.

Гуфта мешавад, ин хеши президент аз истироҳатгоҳи Койтендаги вилояти Лебап бармегашт. Дар замони ҳузури вай дар Койтендаг сокинони маҳаллӣ бо маҳдудиятҳои зиёд рӯ ба рӯ шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *