Хидматҳои Воҳидови самарқандӣ. Нақши ӯ дар тарғиби адабиёти тоҷик назаррас аст

Ифтихор, бузургӣ ва тавоноии миллатро илму фарҳанг муайян мекунад. Халқи тоҷик дар тӯли таърих фарзандонеро ба дунё овардааст, ки дар тамаддуни башарӣ хидматҳои мондагор карда, имрӯз боиси ифтихори мо ҳастанд. Яке аз чунин нафарон академик Шавкат Воҳидови самарқандӣ мебошад, ки дар рушди илми физика ва кайҳоншиносӣ дар Ӯзбекистон нақши мондагор гузошта, барои тарғиби адабиёти тоҷик низ хидматҳои бедареғ кардааст.

Физикдон, мутахассиси физикаи ҳастаӣ ва техникаи кайҳонӣ, доктори илмҳои физикаю математика (1973), профессор (1977), академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Воҳидов 11-уми октябри соли 1932 дар оилаи кимиёдон Аҳад Воҳидов дар Самарқанд таваллуд шудааст. Донишгоҳи давлатӣ (1955) ва аспирантураи Институти физикаю техникии АИ ҶШС Ӯзбекистонро (1959) хатм кардааст. То нафасҳои охирин дар Институти физикаи ядроии Академияи илмҳои РСС Ӯзбекистон фаъолияти пурсамар дошт ва дар илми физикаву кайҳоншиносӣ шуҳрати ҷаҳонӣ ба даст овард.

Муаллифи 6 монография ва беш аз 300 мақолаи арзишманди илмӣ буда, 64 кашфиёти нодир ба номи ӯ сабт гардидааст. Натиҷаи таҳқиқот ва ихтирооти беназираш буд, ки ӯро ба узвияти чандин муассисаҳои бонуфузи илмии ҷаҳонӣ, аз ҷумла ба узвияти Академияи улуми Русия ва ИМА пазируфтанд. Таъсиси маркази нодири озмоиши дастгоҳҳои автоматӣ барои намунагирӣ аз хоки кайҳонӣ ва Мактаби байналмилалии кӯдаконаи аэрокосмос дар Ӯзбекистон низ маҳсули заҳмати Шавкат Воҳидов аст. Кам касон медонанд, ки ин олими номвар ба кайҳоннавардҳои озмоишӣ пеш аз парвоз дар космодроми Байконур ва дар маркази кайҳонии Ҷон Кеннеди дар Кейп Канаверали Амрико дарс ва маслиҳат медод. Номи ӯ дар таърихи Ӯзбекистон ва ҷаҳон ҳамчун олими барҷастаи физик дар асри ХХ абадан боқӣ мемонад.

Шавкат Воҳидов на танҳо дар рушди илмҳои дақиқ, балки дар тарғиби адабиёти тоҷик дар Ӯзбекистон хизматҳои зиёд кардааст. Ӯ ҳаёт ва эҷодиёти шоирони бузурги охири асри 19 ва аввали асри 20, аз қабили Сипандии Самарқандӣ, Писандии Самарқандӣ, Тамҳиди Самарқандӣ ва ғайраро омӯхта, осори онҳоро нашр кардааст. Ин шоирон дар давраи ҳассоси таърихӣ зиндагӣ ва баъди Инқилоби Октябр бештар пинҳонӣ эҷод кардаанд. Омӯзишу нашри осори эшон хизмати мондагори Шавкат Воҳидов аст. Ӯ ҳамчунин ҳунари хаттотии Самарқандро омӯхта, барои зинда кардани номи хаттотони маъруф Мулло Мирмуҳаммади Зарринқкалам ва Тамҳиди Самарқандӣ низ корҳои шоён анҷом додааст.

Академик Шавкат Воҳидов агар зинда мебуд, соли равон 90-сола мешуд. Номбурда 11-уми марти соли 2008 аз олам даргузашт. Оромгоҳаш дар Самарқанд аст.

Ёдаш ба хайр!

С. ЁР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *