Хилъати тоҷикӣ ба Диана Гурская
Сарояндаи ҷавони тоҷик Алим Музофиров дар гала-консерти Ҷашнвораи 13-уми ҷаҳонии “Асои сафед” иштирок ва суруди “Что оставит ветер”-и сарояндаи шинохтаи рус Денис Майдановро бо худи муаллиф иҷро кард. Ин ҷашнвора барои кӯдакони нобино ва биноияшон суст равона шудааст.
Гала-консерт ба рӯзи ҷаҳонии “Асои сафед” бахшида шуд. Ҷашнвораи мазкур аз тарафи Фонди хайриявии Диана Гурская ва Гранти Президенти Русия баргузор мешавад.
Алим Музофиров баъди ширкат дар ҷашнвора бо медал ва дипломи иштирокчӣ қадрдонӣ шуд. Дар навбати худ, Алим аз номи намояндагони Тоҷикистон ба сарояндаи шинохтаи рус ва ташаббускори фестивал Диана Гурская хилъати тоҷикӣ пӯшонид.
“Ширкат дар ин ҷашнвора ва сурудхонӣ бо сарояндаи номвар Денис Майданов, шиносоӣ бо ҳунарманди шинохтаи рус Диана Гурская барои ман боиси ифтихор аст”,- гуфт Алим дар ҷамъбасти ҷашнвора.
Алим Музофиров дар синфи сеюми мактаб-интернати №4 барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар шаҳри Душанбе таҳсил мекунад. Ӯ гирифтори бемории миопия буда, хатари пурра аз даст додани биноӣ ҳар лаҳза таҳдидаш мекунад. Вале Алим муборизи ҳақиқӣ аст. Сустбинӣ ӯро руҳафтода намекунад. Вай маънии ҳаёташро дар мусиқӣ пайдо карда, аз синфи якумиаш ба ҳунари сарояндагӣ рӯ овард. Волидайнаш ӯро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ мекунанд.
Умед аст, ки Алимро ояндаи рӯшан ва саҳнаи бузурги ҳунарӣ интизор аст.
Ф. БОБОЕВА, донишҷӯ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ