Хилофати Толибон. Ҳушдори Ҳайбатулло ба ҷомеаи ҷаҳон

Мавлавӣ Ҳайбатулло Охунд, роҳбари Толибон чанде пеш зимни суханронӣ дар назди уламои ислом гуфт, ки “ҷиҳоди ҷангҷӯёнаш танҳо дар қаламрави Афғонистон хотима нахоҳад ёфт ва истиқрори шариат дар Афғонистон танҳо марҳалаи аввали ҷиҳоди муваффақи Толибон аст”. Ба гуфтаи вай, дар оянда Толибон ва уламои афғон муваззафанд, ки тамоми ҷаҳонро ба сӯи мудирияти шариат раҳнамоӣ кунанд.

Изҳороти амири Толибон иддаои бисёре аз сиёсатмадорон, дипломатҳо ва коршиносонро, ки тӯли чанд сол афкори ҷомеаро итминон медоданд, “Толибон танҳо Афғонистонро “мехоҳанд”, ба ҳамсояҳои худ, махсусан кишварҳои Осиёи Марказӣ чашм ало намекунанд” ва гӯё “ҳадафҳои ҷаҳонии ҷиҳодӣ надоранд”, ботил сохт.

Нуктаи дигари муҳим дар суханронии Мавлавӣ Ҳайбатулло ин инкори таъсиси “ҳукумати фарогир” дар Афғонистон буд. Мавлавӣ Ҳайбатулло возеҳ гуфт, ки ҳамаи ин умедҳо беҳудаанд.

Амири Толибон ҳамчунин модели идораи Афғонистонро муаррифӣ кард, ки қасд дорад эҷод кунад.

Ба гуфтаи ӯ, “шариати ҳақиқӣ” танҳо бо гирди ҳам овардани уламои дин ва “ҳокимон”, яъне маъмурони Толибон амалӣ мешавад: “Ҳокимияти шаръӣ танҳо аз ду гурӯҳ иборат хоҳад буд. Якум, ҳокимон, ки аллакай дар қудрат ҳастанд ва дувум, олимон”.

Ба гуфтаи ӯ, “олимон бояд дар додгоҳҳо, вазоратхонаҳо, маъмурияти вилояту навоҳӣ ҳузур дошта бошанд”. Ӯ гуфт, ки бидуни иштироки уламо Толибон наметавонанд дар Афғонистон “низоми исломӣ”-и комилро ба вуҷуд оранд.

Коршиносон хитоби ахири амири Толибонро паёме ба вазирони шуҳратпарасти ин гурӯҳ, пеш аз ҳама, сарпарасти Вазорати дифоъ Мулло Яъқуб ва сарпарасти Вазорати умури дохила Сироҷиддин Ҳаққонӣ арзёбӣ карданд, ки саъй дорад дар паси парда бо шарикони хориҷӣ музокира ва аз баъзе тасмимҳои Мавлавӣ Ҳайбатулло интиқод кунад.

Бояд гуфт, ки роҳбари Толибон пас аз якуним соли ишғоли қудрат дар Афғонистон то ҳол чеҳраи худро ба ҷомеа ошкоро нишон надодааст ва хеле кам изҳори назар мекунад. Ин изҳороти ӯ аз камтарин ошкорбаёниҳояш дониста мешавад, вале он ҳам, бар хилофи интизори аксар коршиносон, суолҳоро бештар кард, то посухе ба суолҳои пешин дода бошад.

Чунин ба назар мерасад, ки ҳамакнун вазъ ва ояндаи Афғонистон ва суботи минтақа боз ҳам норӯшан боқӣ хоҳад монд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *