Хисороти сел дар Панҷакент: Зарар ба 48 гектар замин ва 22 манзил (аудио)

23-юми апрели соли 2022 наздик ба соати 18:10 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар деҳаи Навободи ҷамоати Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд бар асари боронҳои пуршиддати он рӯз сел омад.

Сел селроҳаи Завронро аз об пур кард, лойқа пули деҳаро, ки дар километри 64-уми роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент воқеъ мебошад, пӯшонд. Роҳ муваққатан баста шуд.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар, барои рафъи паёмадҳои офат техника ва кормандони Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ сафарбар карда шуданд. Ҳоло роҳ пурра аз лойоба тоза карда шуда, ҳаракати мошинҳо ба ду самт имконпазир шудааст.

Гуфта мешавад, ки комиссияи ҳолатҳои фавқулодда ва ҳукумати иҷроияи маҳаллӣ ба ҷойи ҳодиса рафтаанд. Маълум шудааст, ки ин лойоба ба 48 гектар заминҳои кишоварзии ҷамоати Лоиқ Шералӣ зарар расонида, таҳхонаи 15 хонаи истиқоматии сокинони деҳаи Заврон ва 7 манзили истиқоматӣ дар рустои Навбунёдро пӯшонидааст. Хушбахтона, сел талафоти ҷонӣ надоштааст.

Айни замон Кумита ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷекат ба қароре омадаанд, ки барои тоза намудани хонаҳои истиқоматӣ ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ ҳашари умумӣ бо ҷалби аҳолии маҳал ва техника ташкил кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *