Хисороти селу сангрезӣ дар Хоруғ

 Бештар аз як ҳафта дар шаҳри Хоруғ гоҳе барфу гоҳе борон меборад ва ҳамарӯза дар маҳаллаҳои сераҳолии назди бозор ва варзишгоҳи марказии шаҳр афтодани кӯҳпораҳои азим ба чашм мерасад. Дар ин бора  аз маркази маъмурии ВМКБ иттилоъ дод.
Сардори ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилоят Наим Мираков гуфт, ки «то ба имрӯз бештар аз 14 хонаи истиқоматӣ хароб гардида, наздик ба 50 оилае, ки дар мавзеъҳои хатарнок зиндагӣ мекунанд, манзилҳояшонро тарк кардаанд. 3 апрел як санги калон ба бинои Маркази тиҷоратии «Помирплаза», воқеъ дар бозори марказӣ бархӯрд ва фурӯшгоҳи онро дар ошёнаи дуюм хароб кард. Ҳамарӯза аз кӯҳ рехтани сангпораҳо мушоҳида мешавад, аммо ба касе осеб нарасидааст. Яке аз сабабҳои ба маҳалла нарасидани ин сангпораҳо дар он аст, ки чанд сол пеш мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳамкорӣ бо созмони башардӯстонаи «Фокус» зинапояҳо бунёд карданд. Дар бештари маврид маҳз ҳамин зинапояҳо садди роҳи сангчарху сел мегарданд».
Ба гуфтаи сардори ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилоят, хушбахтона, роҳҳои мошингард ба пойтахти кишвар ва ноҳияҳо бозанд. Танҳо роҳи мошингард ба тарафи ноҳияи Ишкошим ҳанӯз аз сабаби фаромадани тарма ва сангчарх баста аст.
Ба хотири ҳифзи молу амволи сокиноне, ки манзилашонро тарк кардаанд ва сари вақт огоҳ намудани шаҳрвандон аз хатари сангчарх дар ҳамаи маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ аз ҳисоби кормандони ситоди ҳолатҳои фавқулода ва ихтиёриён навбатдории шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *