Хитоб ба қирғизҳо: Барои ҳар қатра хуни рехтаашон ҷазо мебинанд! (аудио)

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода аз ҳаводиси охир дар марзи Исфара изҳори нигаронӣ кард.

Саидмукаррам Абдулқодирзода гуфт, ки «золим ноком ва ҳар мағруре мағлуб аст. Золим барои он ноком аст, ки болои инсонҳои осоишта, бесилоҳ, хусусан намозхонони масҷид тир холӣ мекунад ва ин зулм ҳисобида мешавад. Чаро ки дар он масҷид инсонҳои осоишта қарор доштанд, на одамони силоҳдори равона ба ҷанг. Ин одамон бо мақсаде ба масҷид рафта буданд, ки парвардигорашонро саҷда кунанд ва бо шукргузорӣ барои пойдории сулҳу субот ва осоиштагии Тоҷикистон дуо намоянд».

Саидмукаррам Абдулқодирзода мегӯяд, ки «навореро дидам, ки чанд нафар низомиёни қирғиз дар сари компютер нишаста, бо дидани таркиши масҷиди мазкур қаҳқаҳа ва каф мезананд, мисли он ки дунёро гирифта бошанд. Чӣ қаҳрамоние карданд онҳо? Мӯйсафедони солхӯрдаеро, ки барои ибодат ба масҷид рафта буданд, қатл карданд. Ин ваҳшоният нест? Аз ин рафтори онҳо инсон дар ҳайрат мемонад. Ақл куҷост, инсоният, шарофат ва нангу номус куҷо шуданд? Бояд ки шахси мусалмон ҳамеша аз рӯи ақлу хирад ва дурандешона амалу рафтор намояд».

— Ба қатл расонидани аҳолии осоишта, чӣ дар масҷид, чӣ дар навоҳии наздимарзӣ гуноҳи азим ва нобахшиданист. Ин таҷовуз аст, ин зӯроварист, ки одамонро барои ватанашон, барои хонаву дарашон омада, мепарронанд. Онҳое, ки хуни ноҳақ рехтаанд, барои ҳар қатраи он дар ин дунё ва дар охират ҷазо мебинанд. Зеро Худованди азза ва ҷалла бегуноҳ ба қатл расонидани инсонҳоро намебахшад ва онҳо ҳатман ҷазояшро мебинанд,- гуфт Саидмукаррам Абдулқодирзода.

Ёдовар мешавем, ки дар ҷараёни ҳамлаи таҷовузкоронаи низомиёни Қирғизистон 16-уми сентябр ба масҷиди ҷамоати Овчиқалъачаи ноҳияи Б. Ғафуров 12 нафар сокини осоишта зимни ибодат кушта шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *