Хитоиҳо дар Моҳ пахта коштанд
Дастгоҳи кайҳонии Чин — «Чанъэ 4», ки бомувафақият дар тарафи муқобил ё дар пушти Моҳ нишаст, бори аввал дар таърихи башар дар сатҳи Моҳ таҷрибаи биологӣ анҷом дод.
Тухмии пахта, ки моҳпаймои Чин бо худ бурда буд, реша тавонд. Дар ин бора телевизиони марказии Чин рӯзи 15 январ хабар дод.Барои таҷриба шаш навъи билогӣ, бо шумули тухми пахта ва картошка интихоб шуд. Аз аксҳои фиристодаи моҳпаймо маълум мешавад, ки тухмии пахта беҳтар нумӯъ кардааст.Ин аввалин тухмиест, ки бовуҷуди сахтиҳои муҳити зист, ба монандаи сатҳи пасти ҷозиба, радиатсияи баланд ва тафовути ҳарорат, дар Моҳ месабзад.»Чанъэ 4″ рӯзи 3 январ дар Моҳ нишаст. Тарафи муқобили Моҳ аз замин дида намешавад ва дастгоҳҳое, ки дар онҷо кор мекунанд наметавонанд ба таври мустақим аз замин радиосигнал бигиранд. Барои ҳамин чанд моҳ пеш аз маъмурияти аслӣ Чин ба мадори Моҳ дастгоҳи «Цюэцяо» ро фиристод, ки робитаи «Чанъэ 4» бо Заминро таъмин мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ