Хитоиҳо ҷойи тоҷиконро мегиранд?
Рӯзномаи лаҳистонии “Rzeczpospolita” навиштааст, ки баъди 30 сол чиниҳо метавонанд дуввумин халқияти Русия бошанд ва он гоҳ ин кишвар аз муҳоҷирони тоҷик ва узбек ёд карда, афсӯс хоҳад хӯрд.
Жанна Зайончковская, пажуҳишгари умури муҳоҷирати Русия ба ин нашрия гуфтааст, теъдоди бекорон дар Чин нисбат ба Русия бештар аст ва агар муносибати ду кишвар ҳамингуна устувор идома ёбад, то соли 2050 муҳоҷирони кории Чин дар қиёс бо муҳоҷирони Осиёи Марказӣ бештар хоҳанд шуд. Хонум Зайончковская дар такя ба таҳқиқоти академияи улуми Русия сабаби ин равандро на дар ворид гаштани теъдоди бештари шаҳрвандони Чин ба Русия, балки дар кам шудани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, баъди соли 2030 маънидод намудааст. “Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон ва Узбакистон таъминкунандаи асосии муҳоҷир мебошанд. Қисмати дигар ҳам аз Украина ворид мешаванд. Русия бояд ба хотири тавсеаи хуб шаҳрвандони кишварҳои дигарро ҷалб кунад ва дар ин замина ба ҷуз Чин гузинаи муносибтаре надорад”,-афзудааст ӯ.
Ин пажуҳишгари рус таъкид кардааст, ки нуфуси кишварҳои Осиёи Марказӣ пойдор нест: “Мизони таваллуди ин кишварҳо дар ҳоли коҳиш ёфтан аст, баъдан мо онҳоро бо чунин ҷумла ёд хоҳем кард: “Онҳо худӣ буданд”. Мисле, ки ҳоло украиниҳоро ёд мекунем”.
Зайончковская бо изҳори нигаронӣ аз муноқиша ва кушта шудани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ аз сӯи миллатгароҳои рус гуфтааст: “Бисёр муҳим аст, ки тоҷикон ва узбекҳоро натарсонем, зеро дар паҳнои ИДМ амалан бозори нерӯи кории арзон намондааст”.
Тавре маълум аст, бештари шаҳрвандони Тоҷикистон барои дарёфти маблағ ба Русия мардикорӣ мераванд. Бино ба оморҳои ғайрирасмӣ теъдоди муҳоҷирони тоҷик дар Русия беш аз як миллионро ташкил мекард, вале тӯли як соли охир бо сабаби ворид гаштани тағйиротҳои куллӣ дар қонунҳои марбут ба муҳоҷират дар ин кишвар, депортатсия ва буҳрони умумиҷаҳонии молиявӣ як қисми муҳоҷирон ба Ватан баргаштанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ