Хитой аз Украина 4,5 миллиард доллар талаб дорад

Ширкати чинии Skyrizon ва сармоягузорони дигари Чин тавассути суд ҳадди ақалл аз Украина 4,5 миллиард доллар барои зиёни молӣ талаб мекунад.

Соли 2016, сармоягузорони чинӣ 56% саҳмияҳои ширкати истеҳсолкунандаи муҳаррикҳои авиатсионӣ “Motor Sich”-ро ба даст оварданд ва моҳи августи соли 2019 ҳуҷҷатҳои созишномаро барои тасдиқ ба Кумитаи зиддиинҳисории Украина пешниҳод карданд.

Саҳмияҳои сармоягузорони чиниро Хадамоти амнияти Украина мусодира кард. 28 январи соли 2021 бо супориши президенти Украина Владимир Зеленский қарори Шӯрои Амният ва Мудофиаи Миллиро дар бораи таҳримот алайҳи ширкати Skyrizon-и чинӣ ва саҳҳоми асосии он, шаҳрванди Чин Ван Ҷин ба иҷро даромад. Вазорати хориҷаи Чин дар посух ба ин изҳорот тақозо кард, ки ҳуқуқи сармоягузорони чинӣ риоя шавад.
Дар охири моҳи марти соли ҷорӣ Зеленский фармон дар бораи милликунонии Мотор Сичро имзо кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *