“Хитой бозор” ҳам баста шуд

 

Шаҳрдорӣ дар тасмими тахриб шудани бозор гуфтааст, ки он мутобиқ ба меъёрҳои бозори замонавӣ набуд ва ба ҳамин хотир бояд бардошта шавад. Садҳо тоҷир макони кору тиҷорати худро тарк мекунанд.“Шанхай бозор”, ки дар миёни мардум бештар бо номи “Хитой-бозор” маъруф аст, аз субҳи рӯзи 4 декабр фаъол набуд.Дар Душанбе дар давоми даҳ соли охир тасмими бардошта шудани чандин бозор, аз ҷумла, “Шоҳмансур”, “Баракат” ва дигарҳо ба иҷрои нақшаи кулли навсозии симои шаҳри Душанбе рабт дода шуд. Дар ояндаи наздик қарор аст дар ҷойи бозори «Баракат» театри миллӣ ва дар ҷои «Шоҳмансур» — маркази навсохти савдову тиҷорат бунёд шавад.Зуҳри рӯзи душанбе дарвозаҳои бозор баста ва мӯҳрзада буданд. Кормандони интизомӣ ба вуруди харидорон ва фурӯшандаҳо ба ин бозор монеъ мешуданд. Аз пушти дарвоза мушоҳида мешуд, ки бархе аз фурӯшандаҳо моли то ҳол ба фурӯш нарафтаи худро ҷамъоварӣ карда, ба беруни бозор мебароварданд. Тахриби ғурфаҳо ва ҳам дӯконҳо аз даромадгоҳ шурӯъ шуда аз бархе фурӯшгоҳҳову ошхонаҳо аллакай нишоне намонда буд. Садҳо нафар харидорон аз субҳ назди бозор ҷамъ шуда, дар дарвозаҳои он эълони насбшудаи қатъи фаъолияти онро медиданду, ночор дунболи корҳои дигари худ мешуданд. “Хитой бозор” як макони тиҷорати молҳои нисбатан арзону дастраси маҳсулоти хоҷагӣ ва ғизо буд. Шумори тоҷирони машғул бо кораш дар 7 соли мавҷудияташ беш аз 500 нафарро ташкил медод.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *