Хитой дар Мурғоб постгоҳ дорад?

“Вашингтон Пост” –рӯзномаи амрикоӣ навиштааст,ки Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон чанд сол аст, ки як посгоҳи наздимарзӣ дорад.

Дар гузориши мукаммали рӯзнома, ки рӯзи 18-уми феврал дар вебсайти он нашр шуд, омадааст, “Посгоҳи хоксорона дар наздикии гузаргоҳи Вахон дар Афғонистон ва дар қаламрави ноҳияи Мурғоб аст” ва ба гуфтаи Гаррӣ Шиҳ, муаллифи матлаб се-чор сол аст, ки вуҷуд дорад. Хабарнигори “Вашингтон Пост” навиштааст, ки чанде пеш ҳангоми сафараш ба марзи Тоҷикистону Афғонистон ин қароргоҳи низомии Чинро дид ва гуруҳе аз неруҳои чиниро низ вохӯрд, ки дар бозори шаҳри Мурғоб харид мекарданд. Ба қавли хабарнигор, онҳо либоси сарбозони воҳидҳои низомии Чин дар Вилояти Шинҷон-Уйғурро доранд, ки асосан мусулмонон онҷо зиндагӣ мекунанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *