Хитой пешқадамтарин сармоягузори Тоҷикистон
Хитой бо $ 142 миллион дар раддабандии кишварҳои асосии сармоягузор ба иқтисодиёти Тоҷикистон зинаи аввалро касб менамояд.
Русия бо $ 35 миллион дар зинаи дуюм қарор дошта, саҳми Британияи Кабир дар воридоти сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон $ 12 миллионро дар нимсолаи аввали соли 2016 ташкил додааст.
Зинаҳои баъдӣ дар самти воридоти сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон ба кишварҳое назири Олмон, Туркия, Швейтсария, Қазоқистон рост меоянд. Дар маҷмӯъ дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон 220 миллион доллари ИМА cармояи мустақими кишварҳои хориҷӣ ворид гардидааст. Воридоти сармояи мустақими хориҷӣ ба иқтисодиёти кишварамон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 114 миллион сомонӣ ё 7% зиёд шудааст.
Тибқи маълумоти Қодири Қосим, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсолаи Кумита, дар ин давра воридоти умумии сармоя ба ҷумҳурӣ наздик ба 3,6 миллиард сомониро ташкил дод, ки аз он зиёда 1,7 миллиард сомонӣ сармояи мустақим аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ