“Хиёнат”-и Шоҳмурод ва ҳабси Ботирхон
Шоҳмурод Кавраков, сокини деҳаи Меҳтари ноҳияи Данғара худаш бародараш Ботирхонро, ки ба доми мубаллиғони ДОИШ афтода буд, ба мақомот супурд. Ахиран додгоҳи вилояти Хатлон Ботирхон Кавраковро ба 12,5 соли зиндон маҳкум кард ва волидон барои ин кори кардааш аз Шоҳмурод рӯ гардонданд. Вале худи ӯ мегӯяд, аз карда пушаймон нест.
Маҳмудҷон РАҲМАТЗОДА
Додгоҳи вилояти Хатлон ахиран аз рӯи даъвои ғайримуқаррарие ҳукм содир кард. Бар асоси шикояти як ҷавон, бародари хурдиаш, ки дар Маскав ба тарғиби ақидаҳоигурӯҳи мамнӯи «Давлати исломӣ» ва сафарбарии ҷангиён ба Сурияву Ироқ машғулбуд, пас аз бозгашт ба Тоҷикистон, боздошт ва ба 12,5соли зиндон маҳкум шуд.
Моҷарои хонаводаи Кавраковҳоро ҳеҷ нафаре дар ноҳияи Данғара яксон баҳо намедиҳад, вале Шоҳмурод Кавраков бовар дорад, ки рӯзе мерасаду волидон ва худи Ботирхони маҳкумшуда ба зиндон, дурустии кори ӯро эътироф мекунанд.
Додгоҳи вилояти Хатлон охири моҳи июл сокини деҳаи Меҳтари ноҳияи Данғара – Ботирхон Кавракови 33-соларо аз рӯи се модда-«ташкили фаъолияти созмони экстремистӣ” (307, прим. 3 қисми 1), «хабар надодан дар бораи ҷиноят” (347, қисми 1) ва «зархаридӣ”(401, прим. 1), гунаҳгорэълон кард. Ботирхон Кавраков рӯзи 14 январ боздошт шуд ва таҳқиқи парвандаи ӯву мурофиаидодгоҳиаш ним сол идома дошт.
Худи маҳкумшуда дар додгоҳ танҳо аз рӯи як модда — «ташкили фаъолияти созмони экстремистӣ”-роэътироф карда дигар гуноҳҳоро рад намудааст. Додгоҳ тамоми иттиҳомоти зидди БотурхонКавраковро исботшуда хонда, ӯро ба мӯҳлати12,5 сол маҳкум ба зиндон кард.
Додраси парвандаҒиёсиддин Мирзодадар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Ботирхон Кавраков шурӯъаз соли 2015 дар Маскав ҳамроҳ бо ду ҳамватани дигараш, ки яке ҳамсинфаш будааст, бо ҷалбудаъвати муҳоҷирон ба ҷанги Сурия ва Ироқ машғул буд. Додрас сӯҳбатҳои телефонии бародаронрочунин бозгӯ кард: «Вай (Ботирхон) ба бародараш мегӯяд, ки «биёед, ҳамроҳ биравем. Шумо (дар артиш) хизмат кардаед, шояд дар он ҷо як шахси воломақом шавед”. Бародараш (Шоҳмурод) ба ӯ мегӯяд, ки «гапҳои ту нодуруст аст, он ҷо ҳеҷ ҷиҳоде нест, азин роҳат бигард”. Вақте Ботирхон ба Тоҷикистон баргашт, бародараш бо мақсади ин, кидигар одамонро ҷалб накунад, аз мақомот хоҳиш кард, ки бо ӯ сӯҳбат кунанд. Баъдисанҷидани ин қазия нисбаташ парванда боз шуд.”
Ин ҳарфҳоро Шоҳмурод Кавраков ҳам тасдиқ кард ва гуфт, тасмими ӯ барои пешгирӣ азфаъолиятҳои аз назари ӯ хатарноки бародараш дуруст ва оқилона буд. Вай гуфт, ҳарчанд ҳеҷ нафареаз наздикон, бахусус волидонаш ӯро дастгирӣ накарда, баръакс ӯро барои ба зиндон андохтани бародараш маҳкум мекунанд, ӯ аз кардааш пушаймон нест.
Шоҳмурод Кавракови 38-сола ҳуқуқшинос аст, вале аз рӯи ихтисосаш натавонистааст кор пайдокунад ва ҳоло бо харбузапарварӣ машғул аст. Вай мегӯяд, тамоми талоши ӯ ин буд, ки Ботирхонро аз роҳи бад баргардонад. Ба гуфтаи ӯ, Ботирхон дар Маскав дар корҳои марбут ба сохтмон кор мекард. Зоҳиран дар ҳамон ҷо бо афроде шинухез дошт, ки ба гурӯҳи «Давлати исломӣ” ва ақидаҳои онҳотаваҷҷӯҳ доштаанд.
Нишонаҳои нахустини тамоюли хатарноки додар ба ин гурӯҳи дар Тоҷикистону Русия мамнӯъросоли 2015 мушоҳида кардаст. Шоҳмурод мегӯяд, ӯ, ки таҳсилкардаву огоҳ буд, талош кард сари вақтфикри додарро аз афкори иштибоҳӣ тоза кунад, вале муваффақ нашуд. Мегӯяд, Ботирхон зеритаъсири як ҳамсинфи дигараш (Нуриддин Кенҷаев) ба рӯйдодҳои Сурияву Ироқ таваҷҷӯҳ дошт.
Бовар дошт, ки дар ин қаламрав ҷанг зидди мардуми мусалмон идома дорад ва ӯ омода буд ба»ҷиҳод” бипайвандад. Дар телефонаш сабтҳои видеоии даъват ба ҷангро пайдо кард ва аз фикруандешаҳои бародаш мушавваш шуд. Аз рӯи иттилои Шоҳмурод, дар Русия Ботирхон тавонистааст дутоҷикистонии дигар — Абдуназар ва Чориқулро мутақоид кунад, ки ба ҷанг бираванд. Шоҳмурод дарсӯҳбат бо Радиои Озодӣ яке аз сӯҳбатҳояш бо Ботирхонро дар шаҳри Маскав дар ду соли пешчунин бозгӯ кард: «Гуфт, ту равӣ, ман ҳам меравам. Баъдан ман додарамро ҷанг кардам, ки тунамеравӣ ва ман ҳам намеравам. Ҳамин тавр 19-уми январи 2015 ба Тоҷикистон парвозкарда омад. Ман ба модарам гап задам, ки ҳамингуна суханҳо гуфта истодааст, ки «ту ҳам меравӣ, ман ҳам меравам. Модарам маро ҷанг кард, ки на ту меравӣ ва на вай”.
Ба гуфтаи Шоҳмурод, баъди ин ба Маскав баргашту дар як сӯҳбаташ бо падар моҳи сентябри соли2016 дубора атрофи «Давлати исломӣ” сӯҳбатҳо кард. Ба гуфтаи Шоҳмурод, «Ботирхон дар давраҳои бад нишаста, фикраш ба Сурияву Ироқ ва Абубакр Бағдодӣ банд буд. Баъдандодарам ба падарам телефон кард. Падарам бародарамро пурсид, вай фиреб кард вагуфт, ки «ота, ман аз телефон мебинаму, лекин алоқа надорам. Баъдан вақте бародарамаз Маскав омаданӣ шуд, ман пеши раиси маҳалла рафтаму гуфтам, ки фикраш ҳамингуна буд. Раиси маҳалла ба кормандони амният гуфтааст ва маро фарёд карданд”.
Шоҳмурод: «Дуруст амал кардам»
Шоҳмурод мегӯяд, баъди ин ҳодиса додараш дастгир шуд ва алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Дар ҷараёни муҳокимаи додгоҳӣ Шоҳмуродв ба ҳайси шоҳид баёнот дод. Баъди ин ҳама худи ӯ зерифишори волидону наздикон қарор гирифт, бархе ӯро хоин номиданд.
Вале ӯ мегӯяд, бовар дорад, ки рӯзе ҳамаи онҳо дурустии кори ӯро хоҳанд фаҳмид: «Ман бароипешгирӣ ин корро кардам, то додарам наравад. Тарсидам, ки аз додарам ҷудо мешавам. Ғамхорӣ карда, ин корро кардам, ҳоло ҳамаи одамон маро бад мебинанд. Лекин ба манфарқ надорад. Ман бародарамро дӯст медорам, мехостам, ки дар барам бимонад ва дарТоҷикистон бошаду дар ҷои бегона мурда наравад ва ҳатто мурдаашро баъд ёфтанатавонем».
Шоҳмурод умедвор аст, ки рӯзе дар мулоқот бо додараш дар зиндони Душанбе метавонад рӯбарӯ бо ӯсӯҳбат карда, ба ӯ дурустии аъмоли худро фаҳмонад. Аз содир шудани ҳукми додгоҳ дар нисбати думоҳ мегузарад ва ҳанӯз ҳеҷ кас аз хонагиҳо ӯро надидааст.
Озурдагии волидон
Шоҳмурод мегӯяд, баъди мурофиаву ҳукми дувоздаҳуним соли зиндони Ботирхон, волидон ба хонаи ӯ намераванд. Онҳо писари калониро бахшида наметавонанд. Вай гуфт, бо ин вуҷуд худаш аз ҳоливолидонаш ҳар сари чанд вақт хабар мегирад.
Модар ҳамоноашк мерезадва бовардорад, киписари хурдӣҳеҷ нияти баднадошт. ҶонороБоронова дарсӯҳбат боРадиои Озодӣгуфт, писарашБотирхонКавраков тозааз Маскавомада буд, кибаъди дурӯзаш дастгиршуд: «Ростӣ, маннамедонам бачаам чӣ иштибоҳ кардааст, аммо ӯро акааш дод. Бачаи ман ба роҳи ганданарафта буд, аммо чӣ коре кард, ки акааш медонад. Бачам аз соли хатми мактабаш Русия мерафт, меомад ва ҳамон ҷо хона буд кард. Акааш ҳамроҳаш дар Маскав буд, якҷомеистод ва алоҳида ҳам истода кор кардагианд. Мо рафта дар суд аз ӯ пурсидем. Ботирхон ба мо гуфт, ки «ман ба ин роҳ гаштагӣ нестам”.
Ҳамсари Ботирхон: «Меҳрубон буд»
Ботирхон Кавраков падари се фарзанд буда, баъди зиндонӣ шудани ӯ тарбияи онҳоро ба дӯшиволидон ва ҳамсари ҷавонаш Замира Хоҷамқулова мебошад. Ҳамсараш ҳам мегӯяд, дар 8 солизиндагии муштарак дар кору рафтори шавҳар ҳеҷ аъмоли баду машкуке мушоҳида накардааст.
Вай гуфт: «Ҳамсарам одами хуб буд, ҷангам намекард. Соли 2010 маро ҳамроҳаш бурд вакуҷое мерафт, маро ҳамроҳаш мебурд, ҳатто то ҷои кораш рафтам. Дар Маскав корашчоҳканӣ ва боғбонӣ буд. Дар суд маро низ пурсидан, ки ягон маротиба сурат ё ягон чиз нишон медод, ростӣ, ягон маротиба ҳамингуна чизҳоро ба ман нишон надода буд.»
Тоҷикон дар сафҳои ДИИШ
Мақомоти Тоҷикистон, ки дар ду соли охир бар зидди ақидаҳои ифротӣ ва ҳам пайвастанишаҳрвандон ба сафи гурӯҳи «Давлати исломӣ” таблиғоти ҳамаҷониба мебаранд, аз ҷумла бо кӯмакиҷангиёни пушаймоншуда тавассути телевизион ва мулоқоти маҳал ба маҳал талош мекунанд зеҳнисокинонро аз ақидаҳои ифротӣ пок кунанд. Онҳо мегӯянд, на камтар аз 1100 шаҳрванди Тоҷикистон, бархе ҳамроҳ бо ҳамсару фарзандонаш ба Сурияву Ироқ рафта ба ин гурӯҳ ҳамроҳ шудааст.
Қонун барои баргаштаҳои пушаймоншуда — афв ва барои зархаридону мубаллиғон – мӯҳлатитӯлонии зиндонро пешбинӣ мекунад. Дар аксари ҳолатҳо шаҳрвандон бо таблиғу даъвати дӯстонуҳамватанони дигар ва ё муҳоҷирон дар Русия ба ин ақидаҳо дода шудаанд. Вале то ҳол ҳеҷ мавриденашудааст, ки наздикони огоҳ аз нияти хешовандони ҷангҷӯяшон пеши роҳи онҳоро аз ин сафарихатарнок гирифта бошанд.
«Озодӣ»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ