Хиёнати Абдулло Раҳимбоев
Бобоҷон Ғафуров баъд аз суҳбат бо Сталин пайи дарёфти асрори хиёнати Абдулло Раҳимбоев мешавад. Соли 1983 миёни асноди зиёди таърихӣ дар китобхонаи шахсии Бобоҷон Ғафуров дар шаҳри Маскав (ҳоло хиёбони Тверской 8) чашмам ба дусияе афтод, ки болояш «Абдулло Раҳимбоев» навишта шуда буд. Он вақт ба он таваҷҷӯҳ зоҳир накардам. Аммо баъдтар, замоне ки аллакай Иттиҳоди Шӯравӣ пош хӯрда буд, дубора ба ин китобхона рӯй овардам. Аз китобхона, китобҳои Бобоҷон Ғафуров дигар нишоне намонда буд. Хона фурӯхта ва китобҳо ба яғмо рафта буданд. Буданд он замон овозаҳо, ки гӯё Капиталина Александровна-ҳамсари Бобоҷон Ғафуров ба Сафорати Тоҷикистон дар Русия муроҷиат кардааст, ки китобҳоро харанд. Он замон дар Тоҷикистон оташи ҷанги шаҳрвандӣ фурӯзон буд, шояд барои ҳамин дар сари касе фикри наҷоти китобхона набуд.
Он дусия чӣ дошт, чӣ гуна онро Бобоҷон Ғафуров мехостанд мавриди истифода қарор диҳанд? Ин ҳанӯз муаммои сарбаста аст. Аммо хиёнаткор будани Абдулло Раҳимбоевро Бобоҷон Ғафуров дар суҳбатҳо бо ҳамкасбон, ҳамнишинон гаштаю баргашта таъкид мекарданд. Тасдиқи хиёнаткории ӯ сухани Сталин буд: «Абдулло Раҳимбоев гуфтанӣ касе буд, ки исбот кардан мехост, дар Осиёи Миёна тоҷикон вуҷуд надоранд».
Чӣ Абдулло Раҳимбоевро водор сохт, ки миллат, сарзамини худро фурӯшад? Фарзияҳо зиёд ҳастанд. Умуман, ба чунин иқдом сиёсатмадоронро чӣ водор месозад? Шояд манфиат (пулу мол), шояд ҳукумат рондан (мансаб), шояд тарс. Имрӯз низ ҳизбу ҳаракатҳое ҳастанд, ки ба хотири манфиатҳои инфиродӣ, гурӯҳӣ, мазҳабӣ ва ҳизбӣ мақсади пора кардани давлати ягонаи тоҷикон доранд.
Таърих мактаб аст. Аммо чаро таърихи давлати бар асари манфиатҳо, мансабталошиҳо, хиёнаткориҳо нимколабунёди тоҷикон дар ибтидои асри бист барои ин тоифа сабақ намешавад?
Шояд сабаб чашм пӯшиданҳо, гузашт карданҳо бошад? Хиёнат дар ҳар шакле бошад, нобахшиданист. Номи хиёнаткорон бояд дар лавҳаи сиёҳ сабт гардад. Аз хурд то бузург бо шунидани номаш, бо дидани аксаш бо нафрат гӯянд, ки ин хиёнаткор буд ва чун ба шайтон ҷонибаш санг андозанд. Вале таърих ба мо сабақ намешавад. Мо аз хиёнаткорон қаҳрамони миллат месозем. Мисоли он Абдулло Раҳимбоев аст, ки дар хиёбони Шарафи Хуҷанд дар қатори фарзандони фарзонаи миллат барояш нимкайкара гузоштаанд. Ин чӣ иқдомест? Мехоҳем дар мисоли ин чеҳраи манфур насли имрӯзу фардоро тарбия намоем? Абдулло Раҳимбоев имкон дошт, ки бар манфиати миллаташ хизмат кунад. Аммо накард. Чаро? Биёед, ба зиндагиномааш назар меандозем. Ӯ 1 июни соли 1896 дар шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи Раззоқ дар хонаводаи бозаргон ба дунё омадааст. Аввал дар мадрасаи динӣ, сипас солҳои 1908-1917 дар мактаби русии Хуҷанд, омӯзишгоҳи олии Самарқанд, семинарияи омӯзгории Тошканд таҳсил карда, муддате чанд дар зодгоҳаш омӯзгорӣ, сипас ба ҳаракати инқилобӣ ҳамроҳ мешавад. Ӯ соли 1919 узви Ҳизби болшевикони Русия (ҲКР (б)) ва котиби комиҷроия дар шаҳри Мирзочӯл таъин мешавад. Солҳои 1919 — 1920 котиби Кумитаи ҳизби коммунисти уезди Хуҷанд, раиси кумитаи ҳизби коммунисти вилояти Самарқанд буд. Солҳои 1920 — 1923 раиси КИМ ҶШС Туркистон, котиби КМ ҲК Туркистон (октябри 1920 то июни 1923), узви коллегияи комиссариати халқӣ дар умури миллатҳои ҶШФСР, 1923-1924 котиби якуми КМ ҲК Бухоро, котиби дуюми КМ ҲК Туркистон ва аз майи 1922 то сентябри 1926 узви Шӯрои инқилобӣ-низомии Фронти Туркистон. Раҳимбоев яке аз имзокунандагони Паймони таъсиси Иттиҳоди Шӯравӣ дар 30 декабри 1922 мебошад. Пас аз бунёди ҶШС Ӯзбекистон, Раҳимбоев котиби КМ ҲК (б) Ӯзбекистон (аз декабри 1923 то декабри 1925) интихоб шуд. Дорандаи чандин нишон, аз ҷумла (Орден) Нишони Ленин ва Нишони Байрақи Сурх аст. Моҳи августи 1937 дар Сталинобод боздошт ва ба Маскав фиристода ва дар зиндони Лефортово бандӣ буд. 7 майи 1938 бино бар ҳукми ҳайати низомии Додгоҳи Олии Иттиҳоди Шӯравӣ маҳкум ба марг ва дар Бутово парронда шуд.
Абдулло Раҳимбоев метавонист манфиати миллиро дар мақоми аввал қарор диҳад ва дар заминаи се омили зикршуда даст ба хиёнат назанад? Бо он мақом ва мартабае, ки дошт, шояд метавонист. Зеро робита бо Ленин дошт, аз пуштибонии Сталин бархӯрдор буд.
Чаро Сталин чунин як ходими сиёсиеро, ки дар табартақсими Осиёи Миёна даст дошт, ҷонибдорӣ мекард? Асноди таърихӣ гувоҳанд, ки чунин амали ӯ аз манфиатҳои геополитикии болшевикон бармеомад. Ибтидои асри бист бархӯрди шадиди манфиатҳо ва тақсимоти ҷаҳон аз ҷониби абарқудратҳо роҳандозӣ шуда буд. Хусусан миёни Англия ва Русияи болшевикӣ барои таҳти тасарруф даровардани Осиёи Марказӣ. Русияи подшоҳӣ дар Эрон моликият ва қудрат дошт. Вале гуфтушунид миёни Англия ва давлати болшевикон ҷониби дуюмро водор месозад, ки аз манфиатҳояш дар ин кишвар сарфи назар кунад. Болшевикон хуб медонистанд, ки Ризо Паҳлавӣ бо дастгирии Бритониё дар Теҳрон ғалаба ба даст овард ва шоҳи ин кишвар эълон гардид. Болшевикон моликият ва тамоми дороии Русияи подшоҳиро ба ин кишвар ҳадя мекунанд ва дар натиҷа қариб бе мубориза соҳиби Осиёи Марказӣ мешаванд. Дар чунин вазъият дар марказҳои тамаддуни Осиёи Марказӣ давлатдорӣ бунёд кардани тоҷикон бар манфиати болшевикон набуд. Ба воситаи пантуркизм пахш кардани панэронизм ҳадафи стратегияи миллии Иттиҳоди Шӯравӣ қарор мегирад. Пахш кардани панэронизм маънии аз байн бурдани даъвои Эрон ба марказҳои тамаддуни Осиёи Марказиро дошт. «Дар Осиёи Миёна тоҷикон вуҷуд надоранд»,- гуфтани Абдулло Раҳимбоев ҳам сарчашма аз сиёсати миллии болшевикон мегирифт, ки ба он Сталин роҳбарӣ мекард. Ин луқмае буд, ки ба даҳони Абдулло Раҳимбоев гузошта буданд. Эрон худро ба оғӯши Инглистон андохт, тоҷикон дар коми аждаҳои нестӣ қарор гирифтанд. Воситаи расидан ба ин ҳадаф хиёнати Раҳимбоев баринҳо буд, ки аз дасти онҳо фарзандони фарзонаи миллат Абдуқодир Муҳиддинов, Чинор Имомов, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Абдураҳим Ҳоҷибоев ва садҳо меҳанпарастон кушта шуданд.
Шояд ҳамин сухан Бобоҷон Ғафуровро ором намегузошт ва дар пайи дарёфти асрори хиёнати Абдулло Раҳимбоев шуд.
Бобоҷон Ғафуров дармеёбад, ки Абдулло Раҳимбоев аз пуштибонии мустақими Сталин бархӯрдор аст. Барои ҳукумати болшевикон пайдо кардани хиёнаткорон миёни миллатҳои дигар ва истифода бурдани онҳо барои расидан ба ҳадафҳои геополитикии худ як кори маъмулӣ буд. Зиндагиномаи Абдулло Раҳимбоев низ шоҳиди ин гуфта аст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ сатрҳои зерин аз саҳифае ба саҳифае кӯчонида мешавад, вале касе ба он эътибор намедиҳад: «Нимпайкараи Абдулло Раҳимбоев, ки хиёнат ба миллати тоҷик кард, шахсан ба Ленин гуфт, ки теъдоди форсизабонон дар Осиёи Марказӣ ночиз аст, ҳанӯз ҳам хиёбони Шарафи дар шаҳри Хуҷандро ороиш медиҳад. Дар куҷои дигаре, миллати дигаре вуҷуд дорад, ки аз хиёнаткори миллаташ қаҳрамон созад, номи ӯро ба некӣ зикр кунад? Ягон касе ҳаст, ки дар ин бора фикр кунад?»
(Идома дорад)
Шариф Ҳамдампур
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ