Хизмат дар артиш. Даъватшаванда чиро бояд донад?

Ҳар сол ҳудуди 30 ҳазор ҷавони аз 18 то 27-сола дар Тоҷикистон барои хизмат дар сафи артиш ҷалб мешаванд. Аммо баъди қабули қонуни нави хизмати ҳарбӣ дар моҳи январи соли 2021, ки минбаъд даъват ба артиш дар асоси он сурат мегирад, баъзе дигаргуниҳо ба вуҷуд омаданд. Қабули қонуни нав атрофи мавзуи даъват ба артиш ҳадсу гумонҳои зиёдро ба вуҷуд овард ва суолҳои норӯшанеро пешорӯи мардум гузошт. Дар ин ҳол, муҳим аст, ки коршиносони ҳирфаӣ нисбати тасмими мазкур назари худро бигӯянд ва дар шарҳи қонуни нав саҳим бошанд.

Навгониҳои тарҳи нави қонун

Дар асоси тарҳи нави Қонун «Дар бораи хизмати ҳарбӣ ва уҳдадориҳои ҳарбӣ» акнун солона то 10 дарсади ҷавонони синни хизмат ба артиш ҷалб мешаванд. Аслан, қонуни нави ҳарбӣ моҳи январи соли равон дар Тоҷикистон қабул шуда, минбаъд даъвати наваскарон ба артиш дар асоси он сурат мегирад. Хоҳишмандоне, ки намехоҳанд хизмат кунанд, имкон доранд бо пардохти маблағ ва тамрини якмоҳа соҳиби билети ҳарбӣ шаванд. Аммо қабули қонуни нав байни мардум нигаронӣ ва ҳар гуна нофаҳмиҳоро ба миён  овардааст. Ин қонун бори аввал аст, ки дар Тоҷикистон хизмати пулакиро пешбинӣ менамояд. Тақдири донишҷӯёне, ки дар кафедраҳои ҳарбӣ таҳсил кардаанд, чӣ мешавад? Магистр ва муҳассилини риштаи доктори илм оё ба артиш ҷалб мешаванд? Муҳимтар аз ин, оё қонуни нав метавонад сарбозшикор, ё “облава”-ро аз миён барад?

Ҳуқуқшиноси тоҷик Дилрабо Самадова ба ин назар аст, ки қонун навгониҳои зиёд дорад. Аз ҷумла, як намуди хизматро пешбинӣ кардааст, ки шаҳрвандон ҳуқуқ доранд бар ивази супурдани маблағ омодагии ҳарбиро дар муҳлати як моҳ гузаранд. Қонун ҳамчунин пешбинӣ мекунад, ки волидайн метавонанд дар бақайдгирии фарзандони ноболиғашон дар синни 16-солагӣ ширкат кунанд. Қонуни нав сафи пизишконро, ки бояд муоинаи тиббиро гузаронанд, зиёд кардааст, ки ин ҳам ба фоидаи кор ва ба фоидаи ҳуқуқи шаҳрвандон мебошад.

Лекин якчанд навгониҳое ҳастанд, ки баҳсталабанд ва суолҳоеро ба миён овардаанд. Дар асоси қонуни нав оё ҷалби магистрҳо дар давраи таҳсилашон ба артиш мумкин аст?

Дилрабо Самадова мегӯяд, ки “аз нуқтаи назари қонун, мо ҳуқуқшиносон чунин меҳисобем, он магистроне, ки моҳи сентябри соли гузашта таҳсилро оғоз карданду даъвати худро ба таъхир ба расмият даровардаанд, набояд дар даъвати баҳорӣ даъват шаванд. Чунки онҳо аллакай барои як сол ҳуқуқи ба таъхир андохтани даъватро гирифта буданд. Лекин қонунгузорӣ пешбинӣ кардааст, ки магистрҳо, докторантҳо, аспирантҳо, ҳатто нигоҳ накарда ба он ки онҳо дар давраи хониш ҳастанд, метавонанд даъват карда шаванд. Яъне онҳо ҳуқуқ ба таъхирро гум карданд. Аслан, даъват ба артиш бояд дар асоси қонун сурат гирад. Масалан, агар ман ҳуқуқ ба озодшавӣ аз хизмат надошта бошам, маънои онро надорад, ки маро бо ҳар роҳҳои дилхоҳ ба хизмат бурда метавонанд. Дуруст, ки магистрҳо ҳуқуқ ба таъхир надоранд, лекин комиссариати ҳарбӣ бояд талаботи қонунро оид ба раванди даъват риоя кунад”.​

Фарқият ҳаст: Қонун риоя намешавад

Чун масъалаи даъват ба артиш ҳамеша доғ аст ва баҳсбарангез боқӣ мемонад, муқоисаи он бо даврони пеш муҳиму зарурӣ ба назар мерасад. Полковники мустаъфӣ Хайрулло Ҳайдаров, ки хатмкардаи шуъбаи иқтисодиёт ва ташкили хоҷагии қишлоқи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи аграрӣ) мебошад, роҳаш ба хизмати ҳарбӣ аз кафедраи ҳарбии ҳамин донишгоҳ оғоз шудааст. Мавсуф мегӯяд, ки “дар даврони Шӯравӣ таълиму тарбияи низомӣ дар кафедраҳои ҳарбӣ хеле ҷиддӣ ба роҳ монда шуда буд. Аксари устодони кафедраи ҳарбии донишгоҳ иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ буданд. Ман ба гуфтору кирдори онҳо бо ҳавас менигаристам ва дар дил орзу мекардам, ки низомӣ бошам. Ҳамин тавр ҳам шуд. Тақдири ман ба Артиши шӯравӣ пайваст…”.

Бояд гуфт, ки полковники мустаъфӣ Хайрулло Ҳайдаров солҳо сардори Комиссариати ҳарбии ноҳияи Рӯдакӣ буд. Бо дарназардошти ин нукта аз ӯ суол мекунем: «Чӣ боис мешуд, ки дар даврони Шӯравӣ ҷавонон бо хоҳиши худ ба хизмати аскарӣ мерафтанд?».

— Ман на танҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ, балки дар комиссариатҳои ҳарбии вилоятҳои Кӯлобу Бадахшон низ кор кардам, бинобар ин, дар ин соҳа мутахассис ҳастам. Дар замони Шӯравӣ ҷавононро идеологияи боқувват ба Артиш ва дифои Ватан ҷалб мекард. Вақте дар ноҳияи Рӯшон кор мекардам, ҷавонон аз ҷамоатҳои Совноб, Басид, Бартанг, деҳаҳои Хиҷез ва Хуф 100 км роҳро то маркази ноҳия пиёда тай карда, бе даъватнома меомаданд. Агар касал ё маъюб намебуд, қанд зану вайро ба хизмати ҳарбӣ нафирист, то Суди Олӣ шикоят мебурданд. Дар ноҳияи Рӯдакӣ низ чунин буд. Аз 3 то 3,5 ҳазор даъватшавандаро ба хизмат сафарбар мекардем. Имрӯз қонун риоя намешавад. Дар замони Шӯравӣ дар як сол муддати 4 моҳ ҳар рӯз дар хонаи даъватшавандагон маърака буд. Ҷавононро бо рақсу суруду хурсандӣ ба аскарӣ гусел мекарданд. Ҳоло чӣ? Он замон мо бо раиси ноҳия, Комитети комсомол, сардори маорифи ноҳия, директорони мактабҳо, муаллимони таълими ҳарбӣ, тарбияи ҷисмонӣ, собиқадорон, ветеранҳои қувваҳои мусалаҳ робита доштем. Ҳама якҷо, руҳи ватандӯстии ҷавононро боло бардошта, ҷавононро ба хизмат ҷалб мекардем. Ҳозир касе кор намекунад. Ҳамин аст, ки дар ин соҳа қонуншиканӣ зиёд аст,- посух дод ӯ.

Хайрулло Ҳайдаров яке аз он нафаронест, ки тағйироти Қонуни ҶТ “Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ”-ро дастгирӣ мекунад. “Ман қонунҳои уҳдадории ҳарбии Россия, Белорус, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Қирғизистонро хондам ва дар дастам дорам. Бо қонуни ҷумҳуриямон муқоиса кардам. Бовар кунед, имтиёзҳое, ки ба даъватшавандагон дар қисми 1, моддаи 21, моддаи 30 ва 31-и қонуни мо омадааст, дар ягон ҷумҳурии пасошӯравӣ нест. Фақат бояд ин қонун риоя шавад. Аммо афсӯс, ки қонуншиканӣ дар авҷ аст”,- мегӯяд ӯ.

Тибқи муқаррароти қонуни нав, нафароне, ки аз хизмати аскарӣ сарпечӣ мекунанд, бо пардохти маблағ аз он озод карда мешаванд. Инро низ Хайрулло Ҳайдаров дуруст мешуморад. “Шоҳи Фаронса Людовики ХV дар асри 18 гуфта буд: «Бо сабабе аз уҳдаи хизмати ҳарбӣ баромада натавонӣ, ақаллан бо пардохти ҳаққи хизмат онро ҷуброн кун”. Бинобар ин, моддаи қонун айни муддао ва бо забони имрӯза, демократист. Маблағҳои пардохтшуда барои тақвияти Қувваҳои мусаллаҳ истифода мешаванд”,- меафзояд ҳамсуҳбатамон.

Зимнан, бояд гуфт, намояндагони Вазорати мудофиаи кишвар ҳам қаблан зимни шарҳи тарҳи нави қонун зикр карда буданд, ки маблағҳои аз ҷониби даъватшавандагон пардохтгардида барои устуворсозии шароити Қувваҳои мусаллаҳ истифода бурда мешаванд.  

Тартиби даъват чӣ гуна аст?

Аммо имрӯз ва бо дарназардошти талаботи тарҳи нави қонун даъват ба сафи артиш бояд чӣ гуна сурат гирад? Дар ин маврид ҳуқуқшинос Дилрабо Самадова чанд бандро зикр мекунад:

Бояд ба манзили ҷавон даъватнома бурда расонанд. Пас аз имзои даъватнома ҷавон уҳдадор мешавад, ки ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шавад. Бо ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла ҳуҷҷатҳои тиббӣ ба комиссариати ҳарбӣ омада, аз муоинаи пизишк гузашта, саломатиашро санҷад. Агар пизишкон эътироф кунанд, ки вай қобили хизмати ҳарбӣ аст, пас ҳамон ҷавон метавонад даъватномаи навро гирифта, бо пайвандонаш хайрухуш карда, барои сафарбарӣ ба артиш омода шавад. Аммо дар маҷлис ҷамъ карда, бе расонидани даъватнома ба даъватшаванда, ӯро ба хизмат бурдан мумкин нест.​

— Қонун на ба магистрҳо ва на ба докторантҳо ҳуқуқ барои ба таъхир гузоштан (отсрочка) аз хизмати ҳарбиро пешбинӣ накардааст. Ҳамаи онҳо даъват мешаванд. Агар унвони докториро гиранд, пас аз он ҳуқуқ ба озодшавӣ аз хизмати ҳарбиро доранд. Яъне, дар он ҳолат хоҳад, рафта хизмат мекунад, нахоҳад, ҳуқуқ дорад, ки наравад. Аммо пас аз гирифтани унвони докторӣ, дар давраи хониш онҳо даъват мешаванд.

Дар асоси қонунгузорӣ ҳамаи хатмкунандагони кафедраҳои ҳарбӣ бояд як сол хизмат карда, пас аз он соҳиби рутбаю билети ҳарбӣ шаванд. Агар вай хизмат накунад, пас аз хатми кафедраи ҳарбӣ умуман рутба намегирад. Рутбаи афсариро танҳо пас аз хизмати ҳарбӣ соҳиб шуда метавонанд. Лекин агар дар вақти хизмат дастовард дошта бошад, метавонад ба рутбаи афсарӣ соҳиб шавад. Ҳамчунин, шаҳрванде, ки кафедраи ҳарбиро хатм накардааст, бо асосҳои умумӣ ӯро даъват мекунанд. Донишҷӯёне, ки дар шуъбаи рӯзонаи донишгоҳҳо таҳсил мекунанд, дар давраи таҳсил даъват намешаванд. Танҳо пас аз хатми донишгоҳ ва содир шудани фармони ректор дар бораи хатм онҳо ба рӯйхати даъватшавандагон дохил карда мешаванд. Ҳам бо хатми кафедраи ҳарбӣ ва бе он муҳлати ҳарбӣ 12 моҳ аст.

Шикоят бояд кард, агар…

Дар ҳамин ҳол, Дилрабо Самадова мегӯяд, ки барои ҷалби бештари даъватшавандагон ба сафи артиш ва аз байн бурдани овозаҳои беасос бояд аввалан шароити қисмҳои ҳарбӣ беҳтар карда шавад.

— Бархе ҷавонон аз “дедовшина” ва муносибати ғайриоинномавӣ метарсанд. Дигар, масъалаи хурду хӯрок ва ҷойи зист. Бояд қайд намоям, ки ба бисёр қисмҳои ҳарбӣ меравем ва мебинем, ки шароит беҳтар шуда истодааст. Барои пешгирӣ кардани “дедовшина” сарбозон дар ҳамон минтақаи худ хизмат кунанд ва волидайн зиёдтар хабар гиранд. Инчунин, дар вақти берун аз хизмат истифодаи телефонҳои мобилиро иҷозат диҳанд. Сарбозон барои шикоят бояд имкон дошта бошанд. Чун аз ҳуҷраи кории роҳбарон занг зада шикоят кардани сарбоз ғайриимкон аст,- меафзояд ӯ.

Умуман, ҳуқуқшиносон бар ин назаранд, ки даъватшавандагон талаботи қонунгузориро бояд хуб донанд ва аз ҳуқуқҳои худ огоҳ бошанд. Агар даъватшаванда ягон асос барои озод шудан ё ба таъхир гузоштани хизматро дошта бошад, ҳатман онро пешакӣ бояд ба расмият дарорад. Ҳар нафар бояд пешакӣ ба маъракаҳои даъватӣ омодагӣ бинад. Агар рафтан хоҳад, барои рафтан омодагӣ бинад, агар ҳуқуқ ба таъхир ё озодшавӣ дошта бошад, ин ҳуқуқҳои худро ба расмият дарорад. Агар ба “облава” дучор шавад, бояд донад, ки ин рафторҳои мақомоти қудратӣ ё “шаҳрвандони номаълум” ғайриқонунӣ аст ва бояд шикоят кунад. Аз нигоҳи ҳуқуқшиносон, бояд ҳатман ба Прокуратураи ҳарбӣ шикоят кард, зеро ин ниҳод вақте шикоятҳоро мегирад, дақиқан месанҷад.

Ф. ХОҶАЕВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *