Хизмат нарафту ҳабс шуд
Прокуратураи генералии Тоҷикистон алайҳи 50 нафар парванда оғоз кардааст, ки аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ кардаанд.
Ин афрод даъватномаи комиссариятҳои ҳарбиро дар даъвати баҳора сарфи назар карда, барои рафтан ба артиш ҳозир нашудаанд.
Ин ниҳод гуфтааст, ки дар давраи даъвати баҳории соли ҷорӣ 2427 нафар даъватшавандагоне, ки аз даъват ба хизмати ҳарбӣ саркашӣ намудаанд ба қайд гирифта шуда, бо роҳҳои фаҳмондадиҳии талаботҳои қонунҳои амалкунанда дар мавриди даъват ба хизмати ҳарбӣ ба артиш сафарбар карда шуданд.
Прокуратура аз 50 парвандаи бозкардааш дутои онро, ки нисбат ба сокинони навоҳии Масчоҳ ва Истаравшан аст, мисол овардааст.
Шаҳрванд Турдибоев аз комиссияи даъватии ноҳияи Мастчоҳ гузашта, барои адои хизмати ҳарбӣ муносиб дониста шуда, даъватнома дода шуд, аммо номбурда аз рафтан ба хизмат саркашӣ карда, дар вақти муаяншуда ҳозир нашуд ва бо ҳукми суд аз озодӣ маҳрум шуд.
Бар асоси қонуи асосии кишвар афроде, ки аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд, бар асоси моддаи 343 муҷозот мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ