Хизматчиёни ҳарбӣ дар масоҳати 1000 метр боғи олу бунёд карданд
Бо иштироки ҳайати роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиаи кишвар ва бо ҷалби хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногуни Дастгоҳи марказиву Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар ҳудуди пойгоҳи Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳашари дастаҷамъонаи ниҳолшинонӣ доир карда шуд.
Бино ба иттилои Вазорати мудофиа, иштирокчиёни ҳашари дастаҷамъона бо маслиҳату машварати мутахассисону масъулини хоҷагиҳои ёрирасон ва бо риояи қоидаҳои агросаноатӣ дар ҳудуди заминҳои обии хоҷагии ёрирасони назди Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ дар масоҳати ҳазор метри мураббаъ боғи олу бунёд намудаанд.
— Қобили зикр аст, ки тайи панҷ соли охир дар ҳудуди пойгоҳи ин навъи қӯшун, ё худ Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ бо ҳашари дастаҷамъонаи ниҳолшинонӣ дар ҳудуди 16 гектар замин, боғи 30-солагии Истиқлолият ва 25-солагии Артиши миллӣ бунёд карда шуда, дар онҳо асосан дарахтони ороишӣ ва навъҳои гуногуни ниҳолҳои мевадиҳанда, аз қабили зардолу, себ, гелос ва ғайра шинонида шуданд. Бунёди боғҳои мазкур аллакай самараи дилхоҳ ба бор оварда, қисмҳои низомии баландкуҳи кишвар дар мавсими ҷамъоварии ҳосил бо меваҳои тару тоза ва дар фасли сармо бошад, бо меваи хушк давоми сол таъмин карда мешаванд. Илова бар ин, аз ҳисоби меваҳои лазизи ҷамъовардашуда барои сарбозон афшурдаи мураббо, шарбат ва дигар маҳсулоти истеъмолӣ истеҳсол мегардад,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ