Хизмати пулакӣ қиммат мешавад

Дар пайи зиёд шудани меъёри нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар кишвар бархе пардохтҳои ҳатмӣ ва хидматрасониҳои давлатӣ шуруъ аз соли 2023 гарон мешаванд. Аз ҷумла, соли оянда арзиши хидмати ҳарбии пулакӣ боло хоҳад рафт.

Соли 2023 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон 6,25% афзоиш ёфта, аз 64 сомонии ҳозира то 68 сомонӣ зиёд мешавад. Дар асоси ин тағйирот, акнун ҷавононе, ки намехоҳанд ба артиш раванд, метавонанд бо пардохти 28 ҳазору 560 сомонӣ ва омӯзиши якмоҳа соҳиби билети ҳарбӣ шаванд. То ҳол онҳо бо пардохти 26 ҳазору 880 сомонӣ метавонистанд соҳиби билети ҳарбӣ шаванд: фарқият 1 ҳазору 680 сомонӣ.

Бояд гуфт, ки дар асоси тағйиру иловаҳое, ки соли 2021-ум ба қонун дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ворид гардид, ҷавонон метавонанд бо пардохти 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва омӯзиши якмоҳа соҳиби билети ҳарбӣ шаванд.

Қаблан, дар давъати тирамоҳии соли гузашта 450 ҷавон бо пардохти беш аз 11,3 млн сомонӣ ва дар даъвати баҳории соли равон 1200 ҷавони тоҷик бо пардохти 32 млн 256 ҳазор сомонӣ хидмати ҳарбии пулакиро анҷом дода буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *