Хизмати пулакӣ боз қиммат мешавад
Хизмати алтернативӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ки миёни мардум ҳамчун хизмати пулакӣ низ маъмул аст, аз оғози соли нав боз афзоиш хоҳад ёфт. Моҳи сентябри соли равон нархи ин навъи хизмати ҳарбӣ қариб 2 баробар зиёд шуда буд.
Хизмати пулакӣ дар Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 2024 ба андозаи 3 ҳазор сомонии дигар гаронтар хоҳад шуд.
Болоравии ҳақи хизмати пулакӣ дар ҳайати сафарбаркунӣ ба зиёд шудани ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо рабт дорад, ки аз аввали соли оянда 4 сомонӣ зиёд шуда, ба 72 сомонӣ баробар мегардад.
Маврид ба зикр аст, ки аз якуми сентябр арзиши хизмати пулакӣ дар Тоҷикистон 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар гардид.
Ҳамин тариқ, аз аввали соли оянда нархи хизмати пулакӣ ба 54 ҳазор сомонӣ баробар хоҳад шуд. Ахиран дастур шуд, ки аз ҳисоби ин маблағҳо аз ҷумла фурудгоҳҳои маҳаллии Тоҷикистон, ки ба тавозуни Вазорати мудофиа гузаронида шуданд, обод карда хоҳанд шуд.
Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон дар бораи хизмати ҳарбӣ, шаҳрвандони ҷумҳурӣ метавонанд бо пардохти маблағи муайянгардида дар ҳайати захиравӣ хизмат кунанд.
Муқаррар шудааст, ки шаҳрвандони синни даъватӣ ба таври ихтиёрӣ бо гузаштани ҷамъомади якмоҳаи ҳарбӣ ва пардохти маблағи муайян, ки андозаи онро Ҳукумати Тоҷикистон муқаррар менамояд, аз хизмати ҳарбӣ озод карда мешаванд.
Қаблан Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, ки ҷорӣ гардидани намуди нави хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, дар навбати аввал, барои ба шаҳрвандони синни даъват омӯзонидани асосҳои умумии хизмати ҳарбӣ ва ба ҳайати захираҳои сафарбарӣ ворид кардани онҳо равона шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ