Хизматрасониҳои комуналӣ 60 баробар гарон шудаанд
Дар Туркманистон сар аз соли нав хизматрасониҳои комуналӣ ду баробар ва аз соли 2015 ба ин тараф 60 баробар гарон шудаанд.
Соли гузашта хизматрасонии комуналӣ барои як метри мураббаи манзили зист 7 манату 40 танга (каме бештар аз 2 доллар) арзиш дошт, сар аз 1 январ ин хизматрасонӣ ба 16 манату 90 танга (4,7 доллар) расид.
Ба гуфтаи сокинони шаҳри Ишқобод, рӯзҳои охир кормандони Идораи манзилҳо хона ба хона гашта, талаби пардохти солонаи хизматрасониҳоро мекунанд.
«Соли гузашта барои мисол пардохти хизматрасонии комуналии хонаи иборат аз 54 метри мураббаъ 400 манат арзиш дошт, ҳоло ба 893 манату 20 танга расидааст. Ба мо гуфтанд, ки хизматрасонии бинои истиқоматӣ, гармидиҳӣ ва берун бурдани партов ба ин хизматрасониҳо шомил мешаванд», — хабар медиҳанд сокинон.
Ин дар ҳолест, ки соли 2015 пардохти хизматрасониҳои комуналӣ барои 54 метри мураббаи манзили зист 15 манат (4 доллар)-ро ташкил медод. Дар соли 2016 ба 145 манат (40 доллар) ва дар солҳои 2017-2018 ба 400 манат (111 доллар) расид.
Маоши миёна дар он кишвар тақрибан 800 манат (222 доллар)-ро ташкил медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ