Хоҳиши модар шудан занро ба зиндон бурд
Додгоҳи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон хабар дод, ки сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Оиша Шарипова бар асоси қисми дуюми моддаи 130, банди “д” Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар кӯдакрабоӣ гунаҳкор шинохта шуда, ба 8 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум шуд.
Бар асоси ҳукми қозии парванда Раҳмонзода И. Р., “шаҳрванд Шарипова О. Т. бо сабаби фарзанддор нашуданаш, дар назди худ мақсад гузоштааст, ки тариқи пинҳонӣ аз шуъбаи таваллудхонаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ғайриқонунӣ як нафар тифли навзодро рабуда, соҳиби фарзанд шавад. Барои амалӣ намудани нақшаи тарҳрезӣ кардааш моҳи феврали соли 2022 тавассути телефони мобилӣ ба шавҳараш оид ба ҳомила шуданаш хабари бардурӯғ дода, минбаъд муддати 9 (нуҳ) моҳ дар зери либоси танаш дар қисми шикам латтаю ҳар гуна матоъ баста, худро барои атрофиён ҳамчун ҳомила вонамуд кардааст.
Сипас баҳри иҷрои нақшаи тарҳрезӣ намудааш бегоҳи 23-юми сентябри соли 2022 ба шуъбаи таваллудхонаи ноҳияи А. Ҷомӣ омада, аз рафтани навбатдор истифода бурда, дарҳол бо роҳи тиреза вориди долони шуъбаи таваллудхона шуда, сипас ба яке аз ҳуҷраҳои наздиктарин, яъне ҳуҷраи табобати шиддатнок ворид шуда, кӯдаки навзодро рабуда, бо худ бурда, пинҳон кардааст.
Санаи 30-юми сентябри соли 2022 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ тифли навзод дар ҳолати хуби саломатӣ дарёфт карда шуда, ба модараш баргардонида шудааст”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ