Оё Русия хоҳиши Молдоваро амалӣ менамояд?

Сокинони Гагаузия боз дар маркази Комрат бо талаби лағви болоравии нархи газ эътироз карданд ва аз Русия барои мубориза бо буҳрони газ кумак хостанд,- хабар медиҳад хабарнигори РИА «Новости».

— Ман аллакай ба унвони президенти Русия Владимир Путин, муовини раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳури Русия Дмитрий Казак, раиси ширкати «Газпром» Алексей Миллер нома омода ва ирсол кардам. Мо мунтазири посух ҳастем. Боварӣ дорам, ки Русия ба мо дасти ёрӣ дароз мекунад. Кумаки башардӯстона дар шакли газ,- гуфтааст дар гирдиҳамоӣ вакили Маҷлиси мардумӣ Виктор Петров.

Эътирозгарон умедворанд, ки мақомоти марказии ҷумҳурӣ ба онҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба аҳолӣ кумак мекунанд. Дар акси ҳол, фаъолон таҳдид мекунанд, ки сокинони тамоми минтақаҳоро ба эътироз даъват хоҳанд кард. Агентии миллии танзими энержии Молдова (ANRE) афзоиши тарифи газ барои истеъмолкунандагони маишӣ аз 569 доллар ба 785 доллар барои ҳар ҳазор метри мукаабро тасдиқ кард.

Инчунин, тасмим гирифта шудааст, ки тарифи гармидиҳӣ баланд шавад, як гигакалория 22 доллар гарон шуд. Ҳарду қарор аз 1-уми январ эътибори бозгашт пайдо карданд, мухолифон ният доранд, ки қарори ANRE-ро дар додгоҳ шикоят кунанд.

Вакилони Маҷлиси халқии Гагаузия қарор доданд, ки барои муҳокимаи масъалаҳои бо газ таъмин намудани автономия аз Кишинёв гузашта, ба Москва ҳайати вакилон фиристанд. Сокинони Гагаузия рӯзи 30-юми январ аллакай ба нишони эътироз алайҳи болоравии тарифҳо баромада буданд. «Газпром» ва «Молдовагаз» пас аз музокироти тӯлонӣ шартномаи интиқоли газро ба муддати панҷ сол тамдид карданд.  

«Газпром» гуфт, ки бо назардошти вазъи Молдова, қарордод амалан бо шартҳои ҷониби Молдова, вале бо шарти саривақт пардохтани 100% пардохтҳои ҷорӣ ба имзо расид. Моҳи ноябр дар ҷумҳурӣ дар бобати гузаронидани пардохт таъхир кардан лозим омад. Моҳи январи соли ҷорӣ «Молдовагаз» дар пардохт боз ба мушкили рӯ ба рӯ шуд ва парлумон вазъияти изтирорӣ барои 60 рӯз ҷорӣ кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *