Хоҳиши ВКХ аз тоҷикони дар Украина қарордошта: Ботаҳаммул бошед!
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба вазъияти имрӯзаи Украина ба шаҳрвандонамон тавсияҳо дод.
Вазорат бинобар аз ҷониби мақомоти Украина аз 24-уми феврали соли 2022 ҷорӣ шудани ҳолати ҳарбӣ дар тамоми ҳудуди кишвар, аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Украина қарор доранд, хоҳиш намудааст, то дастуру ҳидоятҳои ҷоригардидаи ситодҳои оперативиро қатъиян риоя намоянд, ботаҳаммул бошанд ва то ҳадди имкон манзилашонро тарк накунанд.
— Дар сурати пайдо шудани мушкилот дар қаламрави Украина шаҳрвандони мо метавонанд ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина аз рӯи хати алоқаи доимии рақами +380933361040 муроҷиат намоянд,- тавсия додааст ВКХ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ