Хоҳон дар дасти Толибон, гурезаҳо ҳарбии афғон дар Тоҷикистон
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар додааст, ки соати 18:00-и рӯзи 4-уми июли соли 2021, гурӯҳи мусаллаҳи ҳаракати «Толибон» вулусволии Хоҳони вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро бидуни амалиёти ҷангӣ ишғол намуданд.
“94 нафар низомиёни Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ақибнишинӣ карда, бо мақсади наҷот додани ҷони худ, дар минтақаи «Шоҳон»-и Отряди сарҳадии «Ш.Шоҳин» марзи давлатиро гузаштанд ва вориди хоки Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштанд. Сарҳадбонони тоҷик бо зоҳир кардани ҳусни башардӯстӣ ва муносибати неки ҳамсоядорӣ ба низомиёни неруҳои давлатии Афғонистон иҷозат доданд, ки ба қаламрави Тоҷикистон дохил шаванд”, – гуфта мешавад дар изҳорот.
Марзбонони тоҷик ҳушдор додаанд, ки “бо назардошти вазъи мураккаби минтақаи зикргардидаи сарҳади давлатӣ эҳтимолияти идома ёфтани убури низомиёни ҶИА ба ҳудуди Тоҷикистон ҷой дорад.” Вале, омадааст дар поёни изҳорот, “айни ҳол вазъият дар марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон таҳти назорати пурраи сарҳадбонони тоҷик қарор дорад.”
Дар ду ҳафтаи охир ин алакай чорумин мавриди ба хоки Тоҷикистон фирор кардани низомиҳои афғон аст. Шоми 3 июл беш аз 300 тан аз низомиёни нирӯҳои давлатии Афғонистон ба ҳамлаи Толибон тоб наоварда, ба қаламрави Тоҷикистон фирор карданд. Ҳамин тавр, дар даҳаи сеюми моҳи июн беш аз 150 тан аз ҳарбиёни афғон низ ба хоки Тоҷикистон ақибнишинӣ карда буданд. Толибон рӯзи 4 июл эълон кард, ки 110 вулусволӣ аз 370 вулусволӣ, ё тақрибан 30 фоизи ҳудуди Афғонистонро тасарруф кардааст.
Рӯзи 4 июл президентҳои Тоҷикистон ва Афғонистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ашраф Ғанӣ дар як тамоси телефонӣ ҷараёни ташвишовари рушди вазъи низомиву сиёсӣ дар Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор доданд. “Зимнан ба шиддат гирифтани вазъият дар минтақаҳои шимолии бо Тоҷикистон ҳамсарҳади Афғонистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд”, – хабар дод хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон “бо изҳори нигаронӣ” Ашраф Ғаниро аз ҳодисаҳои нави маҷбуран аз хатти сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистон убур кардани хизматчиёни низомии кишвари ҳамсоя дар ҷараён гузошта, дар баробари ин таъкид кардааст, ки мавқеи устувори Тоҷикистон нисбати қазияи Афғонистон аз дахолат накардан ба умури дохилаи он ва дастгирии ҳамаҷонибаи талошҳои ҳукумати расмии он ҷиҳати истиқрори сулҳу субот ва амният дар ин кишвари ҳамсоя иборат аст. Дар рафти суҳбат ҷонибҳо зарурати таъмини амнияти сарҳадотро бахусус таъкид кардаанд.
Пешрафтҳои ахири Толибон нигарониҳоеро ба бор овардааст, ки ҳукумати кунунии Афғонистон метавонад баъди хуруҷи такягоҳи асосиаш: нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ суқут кунад. Вазорати дифои Тоҷикистон ҳафтаи гузашта хабар дод, ки нирӯҳои мусаллаҳеро, ки дар хатти дуюми ҳимояти марзи Афғонистон қарор доранд, ба ҳолати омодабош овардаанд. Тоҷикистон бо Афғонистон 1370 км марзи мустақим дорад, ки рӯи маҷрои Амӯдарё ва Панҷ мегузарад. Ҳимояти аксари манотиқи ин марз ба далели релефи мураккаби кӯҳистониаш хеле мушкил аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ