Хоҷагии Алимардоновҳо аз андоз қарздор аст

Хоҷагии тухмипарварии “Баракати Ҷомӣ”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз андоз 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ва аз ҳаққи истифодабарии об 240 ҳазор сомонӣ қарздор аст. Ин дар ҳолест, ки нақшаи андоз дар соли 2019 дар ин ноҳия пурра иҷро нагардид.

Ёқуби Саидзод, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, зимни нишасти матбуотии хеш гуфт, сари вақт напардохтани андоз аз ҷониби масъулини ҶДММ “Баракати Ҷомӣ” таъсири манфии худро дар иҷрои нақшаи ҷамъоварии андоз расонид.

ҶДММ “Баракати Ҷомӣ”, ба гуфти масъулони ноҳия, ба оилаи Муродалӣ Алимардон, раиси Агроинвестбонк ва муовини собиқи Сарвазири кишвар тааллуқ дорад.

Ёқуби Саидзод, ҳамчунин, гуфт, ин хоҷагӣ соли 2019 дар масъалаи кишт ва ҷамъоварии пахта мушкилоти зиёд эҷод кард. “Қисмати бештари заминҳоро ба шаҳрвандон иҷора додаанд ва бояд аз ҳисоби иҷора андози ягонаи замин ва ҳаққи истифода обро супоранд”, — изҳор дошт ӯ ва гила кард, ки онҳо дар маъракаҳои сиёсӣ низ, аз ҷумла, обуна ба матбуоти даврӣ ва ташкили ярмаркаҳои намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ғайра иштирок намекунанд. Зимнан, илова кард: “Ин ноҳиядорӣ аст. Дар ин гуна корҳо бояд иштирок кард!”.

Машраби Аловиддин

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *