Хоҷазода Тоҳир: Нақшаи қабул 100% иҷро мешавад

Ректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Хоҷазода Тоҳир дар нишасти матбуотии ниҳоди тобеаш, ки имрӯз, санаи 15-уми июл баргузор гардид, гуфт, нақшаи қабули донишгоҳ 100 фисад иҷро хоҳад шуд.

— Донишгоҳи мо нақшаи қабулро дар соли таҳсили 2021-2022-юм 100 дарсад иҷро карда буд, яъне ҷойи холӣ набуд ва имсол ҳам боварӣ дорем, ки нақшаи қабул 100 дарсад иҷро мешавад. Ин боварӣ аз он ҷост, ки довталабон дар интихоби якум ва дуюми ихтисосҳои худ аз 12 интихоб 140 фисад аз нақшаи қабули донишгоҳ бештар интихоб намудаанд,- гуфт номбурда.

Ин дар ҳолест, ки нарасидани донишҷӯ дар тамоми донишгоҳҳои кишвар ба назар мерасид.

Ҳамзамон, номбурда қайд намуд, ки аз донишгоҳ 809 нафар, аз ҷумла  160 нафар бо сабабҳои аз худ накардани барномаи таълим ва надонистани забони хориҷӣ хориҷ гардидаанд ва боқимонда бо сабабҳои гуногун ба дигар гуруҳҳову факултетҳо ва донишгоҳҳо интиқол ёфтаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *