Хоҳарзодаи президент шаҳрдори нав интихоб шуд
Дар маҷлиси шаҳрии Грознии Чеченистон интихоботи шаҳрдорӣ баргузор шуд. Дар ин интихобот Иброҳим Закриев пирӯз эълон гардид.
Закриев — хоҳарзодаи роҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров аст. Иброҳим Закриев то ин замон дар вазорати молияи Чеченистон, ноиб-аввали сарвазир, роҳбари котиботи роҳбари Чеченистон, дар дастгоҳ ва ҳукумати ин кишвар фаъолият кардааст.
Дар Чеченистон ба вазифаҳои масъули давлатӣ таъйин кардани наздикон ва ҳамдеҳагони Қодиров ба меъёри қабулшуда табдил гардидааст.
Дар маҷмуъ, 65 дарсади курсиҳои масъули давлатии Чеченистонро «одамони Қодиров» соҳиб шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ