Хобгоҳ ё иҷора? Ташвиши донишҷӯён дар соли нави таҳсил
Инак, боз соли нави таҳсил оғоз меёбад. Одатан, як моҳ қабл аз шурӯи дарсҳо ташвиши донишҷӯён низ барои пайдо намудани ҷойи истиқомат меафзояд. Тибқи анъана, қисме аз донишҷӯён бо хобгоҳ таъмин шуда, қисми дигар аз пайи иҷорахона мешаванд…
Иҷораи гарон
“Мушкили асосӣ барои онҳое, ки дар Душанбе кору таҳсил мекунанд, нархи иҷора мебошад. Имрӯзҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе нархи иҷораи хонаҳои истиқоматӣ гарон буда, ба маоши кормандони ҷавон ва ҷайби донишҷӯён мувофиқат намекунад. Хонаи якҳуҷрагӣ аз 1700 сомонӣ оғоз ёфта, қимматашон вобаста ба шарту шароит боло меравад. Хонаи 2-ҳуҷрагӣ бошад, тамоман гарон аст”,- мегӯяд рӯзноманигори ҷавон Муҳаммадҷон Қосимзода, ки ҳамроҳи оилааш дар иҷора умр ба сар мебарад.
Ба таъкиди мавсуф, нархи иҷорахонаҳо бояд мувофиқ ба маош бошад, зеро маоши коргарони ҷавон худ ба дигар эҳтиёҷҳо басандагӣ намекунад.
Ҳамин омилҳо боис мегарданд, ки донишҷӯён гурӯҳӣ хонаи иҷора бигиранд. Зиёвиддин, донишҷӯйи Донишгоҳи байналмилалии забонҳо мегӯяд, ки онҳо 5 нафар ҳамсабақ ҳамасола хонаи иҷора мегиранд. “Соли гузашта дар сеҳуҷрагӣ иҷора меистодем, ки аввали сол нархи он 2000 сомонӣ буд. Соҳибхона баъди моҳи январ онро 2500 сомонӣ кард. 5 нафар 500-сомонигӣ ҷамъ карда медодем. Вале ҳозир сехонагиҳоро 3 ҳазор боло мегӯянд. Ҳоло ба 2 — 2,5 ҳазор сомонӣ духонагӣ кофта истодаем”,- мегӯяд ӯ.
Бо чанд нафар донишҷӯён, ки суҳбат доштем, мегӯянд, нархи иҷора дар пойтахт соли равон ба таври бесобиқа боло рафтааст.
Хобгоҳ хуб аст, аммо…
Суннатуллои Қурбон, ки ҳини таҳсил соли аввал дар хобгоҳи Донишгоҳи молия ва иқтисод зиндагӣ мекард, зимни суҳбат ба мо иброз дошт, ки 700 сомонӣ барои 1 сол пардохт намудаву вале муддати зиёд он ҷо наистод.
’’Хобгоҳ хуб аст, аммо дар он шароити омода шудан ба дарсҳо нест. Мо дар 1 ҳуҷра 4 нафар меистодем. Дар чунин шароит ба дарсҳо омода шудан душвор аст, зеро як ҳуҷра барои 4 нафар танг мебошад. Илова бар ин, дар хобгоҳи шӯравибунёди мо батареяҳои гармидиҳӣ фаъол набуданд, бинобар ин, ман ба хонаи иҷора кӯчидам”,- иброз дошт Суннатулло.
Аз суҳбат бо донишҷӯён маълум мешавад, ки дар аксар хобгоҳҳои донишгоҳу донишкадаҳои кишвар дар як ҳуҷра 4-нафарӣ зиндагӣ мекунанд.
Ба фарқ аз истиқоматкунандагони хобгоҳҳои дигар, донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз шароити хобгоҳҳояшон изҳори розигӣ карданд. Хобгоҳҳои ДМТ навсохт ҳастанд.
“Ман дар хобгоҳи 6 ва 8-и донишгоҳ меистодам, шароитҳо хуб буданд, маблағи солонааш бошад, 700 сомониро ташкил медод. Лифтҳо мутаассифона кор намекунанд, дар хобгоҳи нав низ чунин аҳвол. Таҷҳизот дар хобгоҳи нав хуб аст. Дар фасли зимистон хобгоҳҳо ба системаи гармидиҳӣ пайвастанд”,- қайд намуд Меҳрофарин, ки чанд сол боз дар хобгоҳи ДМТ истиқомат мекунад.
Донишҷӯи дигар Ҳусейн, ки ӯ низ дар хобгоҳ умр ба сар мебарад, қайд намуд, ки “хобгоҳ барои донишҷӯ як дарси хуби зиндагист. Ин ҷо ту беҳтарин чизҳоро меомӯзӣ, ба қадри заҳматҳои волидайнат мерасӣ, ба қадри заҳматҳои худат низ. Дар ҳамин шароит ту кӯшиш мекунӣ, ки хонӣ ва фардо зиндагии сазовор дошта бошӣ”.
Беҳрӯз САЙФУЛЛОЕВ,
журналист
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ