Хоби Мунира дар сари чамбарак боиси ҳалокати як ҷавон гардид
Мунира Мамадқулова, ронандаи 29-сола ҳангоми ҳаракат аз Душанбе ба ҷониби Хуҷанд нохост хобаш бурда, бо “Мерседес”-и таҳти идорааш ба ҷарӣ сарозер мешавад. Дар ин бора Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд хабар медиҳад.
Тавре манбаъ хабар медиҳад, субҳи барвақти 14-уми июн, “Мерседес”-и ҳомили 4 нафар дар километри 111 шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд, дар ҷамоати Фондарё, деҳаи Петеи ноҳияи Айнӣ ба ҷарӣ чаппа шудааст.
Ба иттилои манбаъ, мошин таҳти идораи Мунира Мамадқулова, сокини 29-солаи шаҳри Ваҳдат қарор доштааст.
Дар пайи садама Раҷаббой Исмоилов, сокини 21-солаи шаҳри Ваҳдат дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, ронанда ва ду мусофири дигараш — Акмалҷони Раҳмат, соли таваллудаш 1990, Қудратов Азамат соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаҳои шаҳри Ваҳдат дар бемористон бистарӣ шудаанд.
Кормандони БДА муайян кардаанд, ки сабаби садама, хастагии ронанда, дақиқтараш ғалабаи хоб ҳангоми идораи мошин будааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ