Хоби рӯзона ва чанд фоидаи он

Олимон кайҳо боз исбот кардаанд, ки хоби рӯзона  хеле фоиданок аст. Он хотира, фаъолияти майна, самаранокии онро  беҳтар мекунад ва стрессро коҳиш медиҳад.

Пеш аз ҳама, нисбати хоби рӯзона дар ҳеҷ сурат набояд аз ҷониби онҳое, ки муддати тӯлонӣ мошин рондаанд, беэътиноӣ зоҳир шавад, зеро он метавонад барои шумо ва атрофиёнатон хатарнок бошад. Агар шумо мушоҳида кунед, ки хобатон омада истодааст, зуд бояд таваққуф кунед ва барои истироҳат вақт ҷудо кунед ва аз мағоза  қаҳва ё нӯшокиҳои энергетикӣ барои дур кардани хоб нахаред.

Аммо дар  онҳое, ки рӯзона дар идора кор мекунанд, чӣ кор краданашон лозим? Онҳо бояд як қисми танаффуси нисфирӯзии худро бо чашмони пӯшида, дар ҳуҷраи  гузаронанд ва  то ним соат хоб кунанд.

Чанде пеш НАСА падидаи хоби кӯтоҳ ва таъсири он ба кайҳоннавардонро омӯхта буд. Масалан, лётчикхое, ки дар кабина 26 дакика хобидаанд, нисбат ба онхое, ки нахобида буданд, 54 фоиз ва хосилнокии мехнаташон  34 фоиз зиёд шудааст. Олимон тавонистанд муайян кунанд, ки хоби кӯтоҳи рӯзона барои ба даст овардани қувват мувофиқтар аст, вале он набояд бештар аз 30 дақиқа бошад. Гап дар он аст, ки дар акси ҳол бадан метавонад ба марҳилаҳои хоби амиқ ворид шавад ва ин, дар навбати худ, бедоршавиро дар оянда ба таври назаррас мушкил мекунад. Хоби рӯзона  ба ҳуҷайраҳои майна, мушакҳо ва узвҳо танаффус медиҳад, стрессро коҳиш медиҳад, рӯҳияро беҳтар мекунад ва ғайра. Пас аз хоб чӣ бояд кард? Бархезед,даст рӯи  худро бишӯед, ҳуҷраро шамол диҳед ва каме ҳаракат кунед. Ҳамин тариқ, шумо аз боқимондаҳои хоболудӣ халос мешавед ва метавонед ба кори худ идома диҳед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *