«Хоинони миллат» Тоҷикистонро беобрӯ мекунанд

«Ман ба ӯ гуфтам, ки чӣ мехоҳад? Ӯ рӯяшро гардонд ва пул пурсид. Пурсидам, ки чанд пул мехоҳад? 100 доллар, — гуфт ӯ. Дар ниҳоят ман ба вай 10 доллар додам…”

Як сайёҳи ветнамӣ таассуроташ аз сафари худ ба Тоҷикистонро қисса карда, навиштааст, ки соли 2016 дар фурудгоҳи Душанбе аз онҳо се маротиба пул гирифтаанд – як бор дуздона ва ду дафъаи дигар – ҳамчун ришва. 

Chutho менависад, ки ин ҳодиса тамоми таассуроти мусбат ва зебои онҳо аз сафари Тоҷикистонро ба хок яксон кард.Chutho, як сайёҳ аз шаҳри Ҳо Ши Мини Ветнам дар сомонаи tripadvisor.com таассуроташ аз сафари худ ба Тоҷикистонро қисса карда, бо ситоиш аз меҳмоннавозӣ ва самимияти мардуми тоҷик ва зебоиҳои табиати Тоҷикистон навиштааст, чанд масъул дар фурудгоҳи Душанбе тавонистанд ин ҳама таассуроти хуби онҳоро аз тамошои Тоҷикистон бо аъмоли тамаъҷӯёнаашон ба хок яксон кунанд.Сомонаи tripadvisor.com яке аз пурхонандатарин сомонаи интернетӣ барои сайёҳон аст ва аксари онҳое, ки нияти сафар ба ягон кишварро доранд, маъмулан аз таассуроте, ки сайёҳон дар ин сомона дарҷ мекунанд, дар бораи кишвари ҳадафи сафари худ маълумот мегиранд. Аз ин лиҳоз ончӣ ки ин сайёҳи ветнамӣ дар бораи Тоҷикистон навиштааст, метавонад дили сайёҳони зиёдеро, ки иштиёқи сафари Тоҷикистонро доранд, дилсард кунад.Chutho менависад, ин сафари дуюми ӯ ба Тоҷикистон буд ва дафъаи аввал, ки тавассути фурудгоҳи Душанбе вориди кишвар шуд, шоҳиди хидматрасонии хеле хубе шуда буд. Аммо дар соли 2016, вақте баъди тамошои кӯҳистони Бадахшон ӯву 4 сайёҳи дигар мехостанд аз тариқи фурудгоҳи Душанбе баргарданд, шоҳиди аъмоле шуданд, ки сахт дилсардашон кард.Вақте ин 5 сайёҳ ба фурудгоҳ омаданд, ибтидо ба онҳо дар сабти ном барои парвоз муносибати хубе карда, дар 5 дақиқа талони парвозашонро дуруст кардаанд. Сайёҳон бо чеҳраҳои пурханда ба қабати дуюми фурудгоҳ рафтаанд, аммо инҷо: «Мушкил вақте пеш омад, ки мо дар навбат истода будем. Як мансабдор моро даъват карда, ба ду хонаи алоҳида бурд. Зоҳиран онҳо медонистанд, ки мо сайёҳем. Дар натиҷа, мо дар доми онҳо афтодем. Онҳо бағоч ва ҳамёнҳои моро кофтанд… Яке аз онҳо ба мо гуфт, ки мо бо худ беш аз 2 ҳазор доллар пули нақд дорем ва ин тибқи қонунҳои онҳо мумкин нест. Сипас пора талаб карданд. Ман мухолифат кардам ва талош кардам ба онҳо бифаҳмонам. Дар ин вақт афсари дуюм кисаҳои дӯстони маро кофта, 50 евроро аз ҳамёни дӯстам гирифтанд. Вақте мо талаб кардем, ки пулро баргардонанд, моро тела доданд ва гӯш ҳам накарданд.”Сайёҳон боз ҳам гумон доштанд, ки бо ҳамин халос хӯрдаанд, вале тушбераро хом шумурда будаанд: «Мо дар бораи ин қазияи ғоратгарӣ фикр мекардем, ки мушкили дуюм пеш омад. Ҳамаи моро ба як ҳуҷра бурда, гуфтанд, ки санади муҳоҷират надоред. Албатта, надоштем ва даркор ҳам набуд, чунки мо дар Тоҷикистон камтар аз 30 рӯз будем. Сипас онҳо боз ришва талаб карданд. Мо аз ин ҳама хеле хаста шуда будем ва ман гуфтам, ки мо танҳо 1000 соми қирғизӣ дорем. Онҳо ин пулро гирифта, моро ҷавоб доданд.”Аммо ин ҳам поёни кор набудааст. Chutho менависад:«Мо фикр мекардем, ки акнун ҳама чӣ ок аст. Вале вақте мо дар навбат барои тафтиш дар назди дарвозаи саворшавӣ меистодем, як корманди дигар маро манъ кард ва ба ҳуҷраи махфӣ бурд. Ӯ гуфт, ки ман мастам ва маро ба ҳавопаймо иҷозати вуруд намедиҳанд. Ин як девонагӣ будам. Ман сахт ба хашм омадам. Мо 7 соат пеш якшишагӣ пиво нӯшида будем. Бале, мо нӯшида будем. Вале ин 7 соат пеш буд. Ман ба ӯ гуфтам, ки маст нестам ва ӯ чӣ мехоҳад? Ӯ рӯяшро гардонд ва пул пурсид. Мо қариб буд ки аз ҳавопаймо дер кунем. Ман аз вай пурсидам, ки чанд пул мехоҳад? 100 доллар, — гуфт ӯ. Дар ниҳоят ман ба вай 10 доллар додам.”

Ин сайёҳ менависад, бо вуҷуди ин таҷрибаи талх дар фурудгоҳи Душанбе, «Тоҷикистон кишвари хеле зебост. Мардуми тоҷик хеле самимӣ ва меҳмоннавозанд. Ва ман агар имкон биёбам, боз ба инҷо бармегардам. Ман хостам ин таҷрибаи талхамро нақл кунам, то ки меҳмонони оянда ҳангоми парвоз аз фурудгоҳи Душанбе огоҳ бошанд.”

Масъалаи ришвагирӣ аз сайёҳони хориҷӣ ба як мушкили доғ дар Тоҷикистон табдил ёфтааст. Соли гузашта як сайёҳи турк баъди сафари Тоҷикистон навишт, ки дар ягон кишвари дунё пулис мисли пулиси тоҷик ин қадар тамаъҷӯ нест. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар пайи матлаби он сайёҳ 25 корманди милисаро ҷазо дод.Се моҳ пеш як сайёҳи румин лаҳзаи аз ӯ пора гирифтани кормандони БДА-ро нашр кард. Мақомот кормандеро, ки аз ин сайёҳ 200 сомонӣ гирифтааст, пайдо ва аз кор барканор карданд, вале ба далели инки кӯдакдор асту изҳори пушаймонӣ кардааст, ӯро ба ҷавобгарӣ накашонданд.Моҳи июн президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар як суханрониаш ба ҳамин масъала дахл кард ва гуфт, амали ҳар касе ки нисбат ба сайёҳони хориҷӣ бадрафторӣ мекунад ва бо ин имиҷи кишварро дар чашми сайёҳон паст зада, сайёҳонро аз Тоҷикистон мегурезонанд, бояд ҳамчун хиёнат ба Ватан таъбир шуда, шадидан ҷазо дода шавад: «Айб аст, муомилаи бад сайёҳи хориҷиромегурезонад. Агар минбаъд корманди умури дохила, гумрук, сарҳадбонӣ аз туристҳоихориҷӣ пул меситонанд, ё барои гардиши онҳо монеа эҷод мекунанд, хоини миллатэълон карда шавад ва дар нисбати ӯ ҷазои сангин дида шавад.”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *