Hoji ZZ

Hoji ZZ ҳам насиҳат мекунад ва ҳам муаррифӣ

Ютубканали “Hazratqulzoda” суҳбати муфассалеро бо блогери машҳури тоҷик Hoji ZZ нашр намуд.

Дар аввали мусоҳиба Hoji ZZ сабаби дар манотиқи гуногун сабт кардани наворҳояшро чунин шарҳ медиҳад:

— Шукр, наворҳои маро зиёда аз 500 ҳазор нафар мебинад ва баробари аҳамият додан ба суханҳоям, инчунин, мардум ба пасманзари онҳо диққат медиҳанд ва фикр мекунам, агар дар назди чунин аудиторияи калон минтақаҳои кишвари азизамонро муаррифӣ кунем, бисёр хуб мешавад. Шояд сабаб шавем, ки шумораи сайёҳон зиёд гардад.

Инчунин, дар барнома Hoji ZZ мегӯяд, ки як мақсади калон дорад ва агар ба он бирасад, блогериро бас мекунад. Ёдовар мешавем, ки Hoji ZZ соли гузашта дар сегменти тоҷикии “Инстаграм” саҳифаашро фаъол карда, дар муддати кӯтоҳ ҳазорҳо ҳаводор пайдо намуд. Ӯ дар наворҳояш дар бораи ватан, модар, падар, ҷавонӣ, зиндагӣ ва ғайраҳо сухану шеъҳои кӯтоҳ мегӯяд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *