Хокаи нуқраро ба Чин мебаранд. Аз ин Тоҷикистон чи суд мебарад?

Як ширкати чинӣ барои истихроҷи кони нуқраи “Якҷилва”-и ноҳияи Мурғоб ба миқдори 385 миллион сомонӣ ё 39,6 миллион доллари амрикоӣ сармоя ҷудо кардааст.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи 1 октябр  Созишномаи сармоягузорӣ миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати чинии “Каши Синюй Дади Майнинг Инвестмент Лимитед” оиди коркарди маҷмӯъи захираҳои маъдани нуқраи кони “Якҷилав”-и ноҳияи Мурғоби вилояти Худмухтори Бадахшонро тасдиқ кард.

Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, ки нукоти ин санади ҳуқуқиро дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон шарҳ медод, гуфт, ширкати Чин ба муддати 7 сол аз кони нуқраи Мурғоб истифода карда ва дар ин муддат аз пардохти андоз аз фоида ва боҷи гумрукӣ барои вуруди техника озод хоҳад буд.

Ҳамчунин, вай таъкид кард, ки 60 дарсади коргарони ин коргоҳро сокинони маҳаллӣ ташкил дода ва ин коргоҳ барои  рушди иҷтимоии ноҳияи Мурғоб мусоидат мекунад.

Тибқи иттилои расмии ширкати “Каши Синюй Дади Майнинг Инвестмент Лимитед”, феълан дар кони нуқра 106 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ва 70 нафар мухассиси чинӣ фаъоллият мекунанд.

Соярӯшанҳои ин коргоҳ

Бино ба маълумоти расмӣ, захираи нуқра дар кони “Якҷилва”-и ноҳияи Мурғоб 113 тоннаро ташкил дода ва дар як соли ахир дар ин ҷо ба миқдори 40 тонна хокаи нуқра истихроҷ шудааст.

Агар дар кони ноҳияи Мурғоб солиёна 40 тонна хокаи нуқра истихроҷ шавад, пас захираи он дар муддати 2,5 сол тамом мешавад. Дар ин сурат ба муддати 7 сол дар ихтиёри ширкати чинии “Каши Синюй Дади Майнинг Инвестмент Лимитед” гузоштани кони нуқраи “Якҷилва” чи маънӣ дорад?

Дигар, дар ҷараёни баррасии Созишнома маълум шуд, ки коркарди маъдани нуқра дар ҳудуди Тоҷикистон сурат нагирифта ва хокаи истихроҷшуда ба Чин интиқол мешавад.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон пурсид, ки агар маъдани нуқра дар Тоҷикистон коркард нашавад, ин кишвар аз ин коргоҳ чи манфиат мебинад? Посух шуд, ки танҳо аз ҳисоби пардохти андози коргоҳ ба буҷети Тоҷикистон маблағ ворид мегардад.

Ҳамчунин, таъкид шуд, ки хокаи нуқра дар Чин коркард шуда ва Тоҷикистон дар сурати зарурат метавонад нуқраи тайёрро бо нархҳои ҷаҳонӣ аз Чин харидорӣ кунад.

Вакилони парлумон аз намояндагони ширкати “Каши Синюй Дади Майнинг Инвестмент Лимитед” дар мавриди маоши коргарони коргоҳ суол карданд. Маълум шуд, ки коргари тоҷик дар як моҳ ба миқдори 2200 сомонӣ дастмузд дарёфт мекардааст.

Абдуҳалим Ғаффоров, раҳбари Ҳизби сосиалист ва вакили Маҷлиси намояндагон ин миқдори маошро ночиз хонда ва гуфт, ки коргоҳ аз сатҳи баҳр дар баландии 4200 метр воқеъ буда ва тибқи қонунҳои Тоҷикистон ба коргарон коэффисенти баландкӯҳӣ низ пардохт шавад.

Пас аз баҳсу баррасиҳо вакилони парлумони Тоҷикистон ба ширкати чинии “Каши Синюй Дади Майнинг Инвестмент Лимитед” барои коркарди маҷмӯъи захираҳои маъдани нуқраи кони “Якҷилав”-и ноҳияи Мурғоб иҷозат доданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *