Хоксории Одина Ҳошим, зиёфати 300-нафараи Қурбон Зардак ва “ҷазо”-и Саидҷалол Саидов
Аввали моҳи октябри соли 1984 тайёриҳо барои ҷашнгирии 60-солагии ташкилёбии Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон босуръат мерафт. Ба ин муносибат консерти устодони санъати ҷумҳурӣ дар шаҳри Кӯлоб ба нақша гирифта шуда буд. Рӯзи консерт муайян шуд ва 120 нафар ҳунармандон дар якҷоягӣ бо мусиқинавозону хизматрасонҳо ба Кӯлоб омаданд. Гузаронидани консерт дар стадиони шаҳр пешбинӣ шуда буд. Соати 7 консерт оғоз ёфт, чун анъана аз баромади ҷавонҳо.
Гап дар сари чор ситораи санъат мерафт: Зафар Нозимов, Ҷӯрабек Муродов, Мастона Эргашева, Тухта Иброҳимова. Кадоме аз онҳо аввал баромад кунад? Ҳарчанд дар барнома оғози консерт аз Одина Ҳошимов сар мешуд, ӯ ба ҳеҷ ваҷҳ розигӣ надод, ки пеш аз меҳмонон ҳунарнамоӣ кунад.
Ба хонандаи гиромӣ арз кунам, ки он вақтҳо ин гуна барномаҳоро дар ҷояш комитетҳои партиявии шаҳру район тасдиқ мекарданд. Мисли ҳозира ин қадар продюсеру режиссёр ҷалб намешуд. Масъули таҳияи сенария ва иҷрои он мудири шуъбаи пропаганда ва агитатсия буд. Дар шаҳри Кӯлоб, чун маркази вилоят, ин барномаро Бюрои комитети партиявии вилоят ҳам тасдиқ мекард. Мудири пропаганда чун “саги даҳмарда” дар майдон мерафту меомад, тағйироте лозим шавад, бар уҳда мегирифт. Агар ҷуръат накунад, аз роҳбарони идеологии худ розигӣ мепурсид.
Қарор шуд, ки аввал гулрухони санъат ҳунарнамоӣ кунанд. Ҳамин тавр ҳам шуд. Баъд ба саҳна акаи Ҷӯрабек Муродов меомад.
Дар пушти саҳна, ки аз мошинҳову тахтабандиҳо оро дода шуда буд, устод Зафар Нозимов ва Одина Ҳошимов асбобҳояшонро ҷӯр ва бо овози паст замзама мекарданд. Ман дар кунҷе истода, аз пушти саҳна ба тамошобинон нигоҳ мекардам. Кадом як корманди театр омаду хабар кард, ки маро бобои Одина мунтазир аст. Рафтам. Ӯ бо дутор машқ мекард. Бори дигар салом карду маро ба гӯшае бурд ва гуфт:
— Баъди акаи Ҷӯрабек ба Қурбон Зардаков навбат бидиҳед, ақаллан ду суруд бихонад.
Як навъ омирона сухан гуфтанаш маро хуш наомада бошад ҳам, сабурона мунтазири идомаи суханҳои ӯ шуда, гуфтам:
— Охир, дар барнома номаш нест. Онро кумитаи ҳизби вилоят тасдиқ кардааст.
— Инашро медонам, вале ҳамааш дар дасти худат аст. Он тарафашро то охир фикр кардаам. Маошат чанд пул аст?
— Маош чӣ дахл дорад?
— Ана барои ҳамин мегӯям. Аз кор пешат карданд, мудири шуъбаи адабии театр — ҷои кори нават.
— Ин масъаларо ман бояд аз Тағоева Робиа Аллаёровна бипурсам, ҳадди ақал аз Қиммат Рустамова.
— Медонам, онҳо дар минбар, дар ложаи меҳмонони калон нишастаанд. То он ҷо рафта омадани ту консерт тамом мешавад. Биё, ба як қарор биёем.
— Акаи Одина, ҳамин гапро ду соат пеш мегуфтӣ, намешуд? Охир, ҳамин барномаро асосан ба гуфтаҳои шумо сохтаем.
— Медонӣ чӣ, додар, ақли ман ҳам гоҳ — гоҳ кунд аст, то ин ҷои масъала нарасид. Ин хоҳиш ва илтимоси акаи Зафар аст.
Аз кафи по то сар хунам ҷӯшид. Иззати меҳмон, боз чунин ҳунарманд, кумири мусиқии ман. Хун баданамро гарм кард, вале майнаамро сард… Ҳис мекардам, ки вақт кам аст. Медонистам, ки Қурбон Зардаков дар куҷо нишастааст ва ба як ишораи ман бояд ҳозир шавад. Не, ин аз обрӯи ман не, ҳамин ҳунарманди ҳақиқатан мардумӣ он вақт директори стадиони мазкур шуда кор мекард ва имрӯз мизбон ҳисоб меёфт. Кас фиристодам, ӯ зуд омад.
— Қурбон Зардакович, ду суруд мехонед…
— Бо ҷону дил, баъди консерт дар кабинетам.
— Не, ҳозир, дар саҳна.
— Шӯхӣ мекунӣ, додар? Аз ҷонат сер шудаӣ? Ман куҷову ин саҳна куҷо…
— Не, қарор ҳамин хел шуд!
— Боз мепурсам: шӯхӣ мекунӣ? Ин пешниҳоду хостаи худат аст?
Мехостам гапи устод Одина Ҳошимро такрор кунам, ки ақли ман ба ин корҳо намерасад, вале аз такрор шарм кардам.
— Ин хоҳиши акаи Одина аст!
— Ту донию худо, рост мегӯӣ? Акаи Одина худаш гуфт?
— Бале, худаш. Рафтем ба назди ӯ.
Акаи Одина бо дутор ҳанӯз ҳам машқ мекард. Ӯ суруди наве иҷро карданӣ буд.
— Бобои Одина, ҳамин Саидзода шӯхӣ дорад, маро мазоқ мекунад ё шумо ягон гап гуфтед?
— Шумо мухлиси худатонро доред, аз мо дида шояд камтар набошад, ҳақ доред, барои онҳо бихонед.
Хонандаи гиромӣ, ҳамин ҷо ҳеҷ гуна иғроқу муболиғаро ҷой доданӣ нестам, асли гап аст. Қурбон Зардаков, ҳамон одаме, ки ғурураш иҷоза намедод, ки пеши касе сар хам кунад, ҳоло меларзид. Ӯ одат дошт, ки китфи чапашро ҳамеша боло-боло партояд. Ҳоло ӯ ҳарду китфашро ҳамин гуна кор мефармуд. Ба зону зад, дар пеши пои акаи Одина. Дар ҳолате, ки сарашро ба зонуҳои ӯ гузошта, пойҳои ӯро оғӯш мекард, бо овози гиряолуд гуфт:
— Медонистам, Одинамад, ки ту ҷавонмарди асилӣ. Ҳунарманди худододӣ, ба ман тангравӣ надорӣ.
Акаи Одина дуторро ба дасти ман дода, хам шуда, ӯро дудаста бардошт.
— Чӣ кор мекунӣ, акаи Қурбон? Накун, маро гунаҳгор месозӣ. Ақли ман то ин ҷо намерасад, раҳмат ба акаи Зафар бигӯй.
Қурбон Зардаков аз ҷой хест. Гиря гулӯгираш мекард. Китфонаш ҳанӯз бозӣ мекарданд. Гарданашро низ ин тарафу он тараф меёзонд.
— Хайр, Зафарҷонро худат салом бигӯй. Лекин агар ман ба саҳна бароям, ҳамон рубоби хотамкориатро медиҳӣ?
— Садқаи сарат, агар хоста бошӣ, ман бо ҳамин дутор дар паҳлуят истода, якҷоя бо дойрадаст менавозам.
— Не, рубобатро додӣ, бас.
Боз як бори дигар ӯ акаи Одинаро ба оғӯш гирифт, бародарвор бӯсид, маро низ фаромӯш накард.
— Кай?,- пурсид ӯ.
Ман ҷавоб додам:
— Ҳамин ки Ҷӯрабек Муродов суруди сеюмашро хонд, дар пушти саҳна бошед.
Рафтам ба назди саҳна. Барандаи консерт Мирзоватан Миров буд. Ӯро даъват карда, матлабро гуфтам.
— Охир, дар барнома нест. Ман масъулиятро ба гардан гирифта наметавонам.
— Масъулият ба дӯши ман. Қаламу коғазатро деҳ, ман ба дасти худам менависам.
— Не, ғайриимкон аст.
— Набошад, микрофонро бидеҳ, худам эълон мекунам. Мабодо ба шумо ягон гап бирасад.
Мирзоватан дарк кард, ки қарор қатъист, ба саҳна баромад. Ба устод Ҷӯрабек Муродов ташаккур гуфта, кӯтоҳ эълон кард:
— Навбат ба ҳофиз Қурбон Зардаков дода мешавад.
Тамоми стадион ором шуд, ин навигарӣ буд дар ҳаёти фарҳангии шаҳр. Қурбон Зардаков рубоб дар даст, чолокона давида ба саҳна баромад, ӯро одат ҳамин буд. Тамошобинон ҳанӯз ҳам ба худ наомада буданд.
Ӯ як суруд хонд, аз Аҳмади Ҷомӣ, таъзим карда, аз саҳна фуромад. Мардум акнун ба худ омаданд, қарсакзанӣ, ҳаёҳую зинда бод, ки хелехо боз аз шабнишиниҳо дур шуда буд, оғоз гашт. Онҳо Зардаковро дубора ба саҳна мехонданд. Мирзоватан Миров ба назди микрофон омада, ҳунарманди навбатиро эълон карданӣ буд. Аз ҳолати тамошобинон огоҳ шуда, баргашта Зардаковро ба саҳна хонд. Ба фикрам гӯшакӣ кард, ки як суруди дигар ҳам бихонад. Зардаков ба назди микрофон рафта, тибқи одати маъмулӣ таъзим кард ба шунаванда ва дубора аз саҳна поин шуд. Шӯру валвала боз оғоз ёфт. Мирзоватан, ки саҳнаро хуб идора карда метавонист, себора ӯро ба саҳна хонд. Ҳунарманди дӯстдоштанӣ ба назди микрофон омад, таъзими қаноатмандӣ кард ва гуфт:
— Дӯстони азиз, ҳамдиёрони гиромӣ, шумо ҳар вақт маро шунида метавонед, ман дар хидмати шумоям, вале ҳоло мо меҳмонони олиқадр дорем. Ҷӯрабек хонд, бигузор базми моро устодон Зафар Нозиму Одинаҷон Ҳошимов гарм бигиранд. Раҳмат ба Шумо.
Ӯ аз саҳна фуромаданӣ буд, боз кафкӯбиву ҳатто ҳуштаккашӣ оғоз ёфт. Ӯ гашта ба назди микрофон омад, боз таъзим кард. Сипас як дасташро боло бароварда, дар микрофон гуфт:
— Дӯстон, одобро риоя кунед, рафтори шумо барои меҳмонон беҳурматӣ ҳисоб мешавад.
Сипас, ба Зафар Нозим рӯй оварда, гуфт:
— Зафарҷон, шумо, ҳамаи ҳунармандони аз Душанбе омада имшаб меҳмони манед.
— Мо 120 нафарем,- гуфт Зафар Нозимов аз паҳлуи саҳна.
— Бигузор 300 кас бошед!
— Ҳамин қадари дигар моем,- гуфт Одина Ҳошимов.
— Шумо ҳам, баски намондед, ҳамаи нишастагони стадион меҳмони манед. Ман рафтам!
Шояд ҳамин суханҳои самимӣ ва даъват буданд, ки тамошобинон сокит шуданд. Эълони навбатӣ оромона гузашт, вале вақте ки рубоб дар дасти чап, дасти росташро ба боло бардошта дар саҳна устод Зафар Нозимов пайдо шуд, боз ҳамон таъкиди болоиро карданиам: тамоми мардум аз ҷо хестанд. Консерт то соати 1-и шаб идома ёфт.
Ман медонистам, ки Зардаков ҷиддӣ мегӯяд, бинобар ҳамин то ин вақт мудири шуъбаи маданияти шаҳр Абдулло Бобоевро, ки аз шогирдони асили Зардаков буд, огоҳ кардам, ки тамоми ронандагону мусиқанавозони ҳайатро барои рафтан ба хонаи Зардаков огоҳ кунад, тавонад худаш, натавонад каси дигарро равон кунад, ки асли ҳодисаро пешакӣ дар ҷояш бубинад, чанд касро бурдан мумкин аст.
Хонаи Зардаков дар деҳаи Боғи Ҳабиб, дар масофаи ҳамагӣ 4-5 км аз шаҳр дур воқеъ буд. Абдулло рафта ҳама корро ташкил карда, омада буд.
— Эҳ муаллим, гову гӯсфанди чандумро куштааст. Соати ёздаҳуним ба қабули меҳмонон тайёр аст.
Хулоса, баъди консерт ҳама, ҳатто ҳангомаҷӯёни тамошобин ҳам ба он ҷо рафтанд. На танҳо хонаи худаш, балки якчанд хонаи ҳамсоя барои нишаст омода шуда, тамоми мардуми деҳа дар хидмат буданд. Зиёфат давом мекард. Акаи Зафар ва Одина Ҳошимов дар по рост истода, чун мизбон хидмат мекарданд. Ҷӯрабек Муродов рубобро гирифта, суруд хонд.
— Ин туҳфа ба хонаводаи устод Қурбон Зардаков ва аҳли деҳ,- гуфт ӯ ва пешниҳод кард, ки ҳар кас як суруд бихонад.
Базми хонагӣ то соати чори субҳ идома ёфт. Охирин мошини меҳмононро соати 6 дар деҳаи Олимтойи охири ноҳияи Восеъ гусел намудем. Баъди рафтани меҳмонон эҳсоси хастагӣ мекардем, пойҳо барои рафтан ёро надоштанд.
Фардояш дар назди котиби кумитаи партиявии вилоят Робия Тағоева ҷамъомад доир гашт. Масъалаҳои умумии корӣ дар бораи фарҳанг буд, барои муваффақиятҳои консерт аз номи роҳбарияти вилоят ба ҳама ташаккур баён кард.
Маҷлис ба охир расид. Вақти баромадан Тағоева гуфт:
— Ту як лаҳза ин ҷо бимон, Саидҷалол!
Ҳама рафтанд, ӯ номаи шикоятиеро ба дастам дода, гуфт:
— Бихон, баъд мегӯям чӣ кор кун.
Ҳамин вақт дар тақ-тақ шуд.
— Дароед!,- хитоб кард Робиа Аллаёровна.
Дар кушода шуд ва бошитоб Одина Ҳошимов ба назди муаллима омад.
— Апа, ин одам ана ҳамин қадар ҳам гуноҳ надорад,- нӯги ангушти ишоратии худро нишон дода, гуфт ӯ.- Ҳамааш айби ман аст.
— Чӣ айб, акаи Одина?
— Ҳамон консерти дирӯзаро мегӯям, баромади Қурбон Зардаковро дар назар дорам.
— Хайр, баъд чӣ шудааст?
— Охир, бе иҷозати шумо… Ӯро ман илтимос кардам,- гуфт Одина Ҳошим маро нишон дода.- Боз бачаи бечораро ҷанҷол накунед?
— Ҳа, фаромӯш кардам бипурсам, ин идеяи кӣ буд?
— Гапи ман, хоҳиши меҳмони азизамон Зафар Нозимов. Эҳ, апа, медидем, Ҷӯрабек Муродов чӣ қадар хурсанд шуд. Ӯ акаи Қурбонро бо хамаи мо ба зодгоҳаш даъват кард.
— Агар худат хоста бошӣ, ин хостаи мо. Ҳеҷ гап не, мухлисонаш ҳақиқатан ӯро дӯст медоштаанд.
Мо бо акаи Одина ба берун омадем.
— Хайрият, масъала ин хел анҷомид. Вагарна штат-пштати роҳбари адабӣ надорем. Пули як тӯй ҳам хеле гарон меафтод. Лекин мову ту гӯё “каллаи пӯсида”-ро зинда кардем, ҳамон наът ба ёдат ҳаст?
— Оре,- гуфтам.
Ӯ рафт. Ман дар фикр афтодам.
Даҳ сол боз Қурбон Зардаков аз саҳна дур монда буд. Ба ман мегуфтанд, ки ин хоҳиши Одина Ҳошимов асту дастгирии Робиа Тағоева. Ҳоло фаҳмидам, ки онҳо дар дил заррае бадбинӣ ба ин ҳунарманд надоранд, вале кӣ буд ҳамон аҳриман, ки пушти парда ҳамин саҳнаро эҷод мекард? Баъд аз ин саҳнаи ҳунари Қурбон Зардаков дубора эҳё гашт. «Шоҳномахонӣ» ва «Ҳофизнома»-и ӯ асарҳои мукаммали саҳнавӣ буданд, дар этнографияи мардуми водӣ ва миллати тоҷик навигарӣ дохил гашт.
Саидҷалол САИДЗОДА, публитсист
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ