Холбой Анорқулович дар садама ҷон бохт
Бар асари як садамаи нақлиётӣ дар шимоли Тоҷикистон як нафар ба ҳалокат расида, як каси дигар захм бардоштааст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҳодиса шоми 24 сентябр дар ҳудуди ноҳияи Ҷаббор Расулов ба вуқӯъ пайвастааст: “Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Урунов Холбой Анорқулович, соли таваллудаш 1950, сокини ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди ҷамоати деҳоти Меҳрободи ҳамин ноҳия бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи “ГАЗ-53”, таҳти идораи ронанда, Зикриёев Зоир Алиевич, соли таваллудаш 1958, сокини ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷ.Расулов, бархӯрдааст”.
Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа ронандаи “ГАЗ-53” ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст: “Мусофири автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Бекназарова Зуҳро Холбоевна, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи мазкур, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст”.
Ба иттилои ВКД, ҳоло таҳқиқи ҳодиса идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ