Холиқназар Ҷумъазода: Таҳрир не, таҳқир

  • Шакарханд
Аз устоде пурсидам:

— Дар журналистика чанд намуди таҳрир вуҷуд дорад?

Гуфт:

— Дар ҷодаи журналистика, дар замони мо асосан аз ду намуди таҳрир истифода мебаранд: таҳрири матнӣ ва таҳрири мағзӣ. Таҳрири матнӣ таҳрирест, ки маводи навишташударо аз ҷиҳати имлоӣ тафтиш ва иштибоҳҳои онро ислоҳ мекунанд. Таҳрири мағзӣ таҳрирест, ки асосан пеш аз навиштани мавод анҷом дода мешавад ва бештар ба тағйир додани ҳадафи рӯзноманигор нигаронида шудааст. Натиҷа чунин мешавад, ки рӯзноманигор агар кӯҳ навиштанӣ шавад, ҳатман коҳ менависад.

Хандидаму гуфтам:

— Дуюмаш таҳрир не, таҳқир будааст ку!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *