Холиқзода барои кӯдакони сӯҷинагӣ Наврӯз кард

Ба масъулони хонаи саломатии ҷамоат тавсия дода шуд, ки шароитҳои хуби кориро дар ҳуҷраи хатнакунии кӯдакон ташкил намоянд ва ин иқдом дар ҳамаи хонаҳои саломатии шаҳру деҳоти Панҷакент ташкил карда шавад.

Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода 25 март ба ҷамоати деҳоти Сӯҷинаи шаҳр рафта, бо сокинони ин маҳал вобаста ба мавзӯъҳои мухталифи ҳаёти деҳот сӯҳбат намудааст.Дар рафти мулоқот ҷиҳати оқилона истифода намудани ҳар як порчаи замин, саривақт иҷро намудани кишти баҳорӣ ба кишоварзон тавсияҳои корӣ дода, роҳбарияти Раёсати кишоварзии шаҳрро уҳдадор намудааст ки барои бунёди боғи ангур аз ниҳолҳои маҳаллӣ, 1,5 миллион қаламчаҳои токро омода намуда, ба ин васила бунёди боғҳои ангурро дар шаҳру деҳоти Панҷакент ба нақша гирад.
Дар рафти шиносоӣ (Абдухолиқ Холиқзода охири соли гузашта раиси шаҳр таъин шуда буд) аз биноҳои ҷашнӣ ва марказҳои хизматрасонии ҷамоат аз қабили маркази савдои хӯрокворӣ, сартарошхонаи замонавӣ ва хонаи саломатии ҷамоат дидан намуд.Ба масъулони хонаи саломатии ҷамоат тавсия дода шуд, ки шароитҳои хуби кориро дар ҳуҷраи хатнакунии кӯдакон ташкил намоянд ва ин иқдом дар ҳамаи хонаҳои саломатии шаҳру деҳоти Панҷакент ташкил карда шавад.
Дар хотимаи ташрифи сафари корӣ Абдухолиқ Холиқзода 12 нафар кӯдакони ниёзманди ҷамоатро аёдат намуда, кӯдакону наврасонро бо тақдими тӯҳфаҳои Наврӯзӣ шод намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *