Холида Бориш — Афғонистон

Шояд

Вақте парвонаҳо аз рӯй гулҳои хори миҷгонам мепаранд,

Ва хоб, бӯи ширинашро ба бистари ороми чашмҳоям ҳадя медиҳад.

Танам ором мегирад ва рӯҳи хастаам,

Бо парвозе, ки чун лабханди Каюмарс,

Маскани дардҳои дарунӣ аст.

Маро бо худ мебарад эҳсос мекунам,

Зинда монданро рӯй гесувони қашанги Рӯдоба таҷриба мекунам.

Ва савганду самим, бароям муқовамате, ки

Намешавад ба кӯҳ ташбеҳаш кард.

Мебахшанд чаро, ки зеҳнам фарсуда

Ва бӯи тунди хотираҳои кӯҳна ва аз муд фитода медиҳад.

Аккосе  канори девор димоғашро мебандад

Вақте кӯдаки чиркини гузаштаҳо,

Поча бар мезанаду мехоҳад гардунаи хотираҳоямро ҳамл кунад.

Гоҳе фикр мекунам зиндаагӣ девона аст,

Ба санг хӯрдану дашном шунидан ху гирифтааст.

Чӣ касе медонад шояд ду ҳазор сол баъд ӯ биёяд,

Ўе, ки дилам дар интизораш бӯи ҷавори бирёни доғро медиҳад.

Ва кӯдаки ваҳшии замона ҳар лаҳза интизори шавқи ҷӯиданашро дорад.

Гоҳе фикр мекунам агар ман набудам,

Худо чӣ касеро таҷриба мекард.

Ва киро дар озмоишгоҳи таърих менишонд,

То доғе, ки аз дилаш меравад,

Чӣ ранге дораду кадомин пайванди шикастаеро илтиём мебахшад.

Эҳсосе, ки аз чашмонаш ҷорӣ мешавад,

Рӯҳи ташнаи кадом дарёчаи бе сабрро сероб мекунад.

Ва асари дилтангии хаёлоташ,

Рӯйи кадом панҷара парда мекашад ва наққошии чӣ касеро ҳузнангез менамоёнад.

Атри ношинохтаи андомаш,

Китобҳои бузурги афсунгари кадом шоирро

Ошуфта менамояд.

Кош метавонистед  унсурҳое, ки маро сохтаанд

шиносоӣ кунед,

Ва роз инро, ки чаро тилло дар хок намепўсад бидонед.

Девонаҳои шоир мегӯянд, ки ман аз ҷумлаи аносири нармам,

Замони дид ва бо шаллоқаш имтиҳонам кард, ки чи қадар сахтам.

Сахттар аз хоро, сахттар аз қалби  сарзаминам,

Ки қарнҳо шақоватро бидуни гиря ва фарёд,

Ба дӯш кашида ҳеҷ кас намедонад.

Ман чӣ вусъате дорам ва ҷуғрофияи рӯҳам,

Ба шимолу ҷанубу шарқу ғарб намегунҷад.

Зиндаагӣ аз торҳои гесуям овезон аст,

Ва дилаш ҳазору як бор метапад у меларзад, ки дураш наяфганам.

Вақте шомҳо овоз мехонам,

Ба ёдам меояд, ки шояд ду ҳазор сол баъд,

Дарби кулбаи кироиамро бигушояду маро бишносад.

***

 Он сўйи девор

Дили ғуссаҳоро сиёҳ кардам,

Ҳарчанд хостанд  маро бишикананд.

Фақат як лабхандам кофӣ буд,

Фақат як нигоҳам, ки муъҷиза мекунад.

Намехоҳам лаҳзаҳоямро бигирем,

Лаҳзаҳоеро, ки дигар намеоянд.

Аз чашмони ошиқи паранда,

Ҳамон қадар лаззат мебарам, ки ӯ аз рухсори ман,

Девонагиро ҳамеша парастидаам.

Бо девонагӣ метавон ҳушёриро шинохт,

Дарахтеро,  ки ошиқи парандааст.

Қисса месозам ва шарофати  замини нозанинро низ медонам,

Рӯзе ҳатто ӯ маро таҳсин хоҳад кард.

Ҳарчанд кинааш бо ман ҳар рӯз гули тоза медиҳад,

Сабзаҳо навозиши маро ҷовидона нақши зеҳни тозаи шон мекунанд.

Ва санҷидҳои ваҳшӣ фақат барои ман,

Атрафшонӣ хоҳанд кард.

Ва морҳои бечораро девона хоҳанд сохт,

Чӣ қадар аҷиб ҳаст вақте парвонаҳо аз фарози

Шонаҳои ман сафари ошиқонаи худро замзама мекунанд.

Гулҳои кӯчаи хуршед аз андӯҳ мепусанд ва пар-пар мешаванд.

Ҳеҷ кас чунончи, ки ман мебинам,нахоҳад дид

Ситора ҳоеро, ки шабҳо фақат рӯйи синаи ман метпанд ва нафас мекашанд.

Ҳеҷ кас нахоҳад дид, ки чигуна нафсҳоямон яке мешаванд,

Ва чигуна маро бо худ ба он бекаронаҳо мебаранд.

Дӯст доштанро сохторест, ки биноии ошиқона мехоҳад.

Боғҳо ва дараҳои сабзу саховатманд эҳсосамро медонанд,

Вақте минои баланди шохро мехонам,

Ғазалам авҷ мегирад ва бодҳои шимол бароям каф мезананд.

Ман бо қоматам токҳои боғро об медаҳам,

Ва бо гомҳоям дили шикастаи деҳро қувват.

Ҳеҷ кас маро намешиносад,

Чунончи тутҳои чапарпак ва куртҳои ришқа,

Настаранҳо маро нафас мекашанд,

Ва гулоби ваҳшии он сўи девор,

Маро нақши рухсори бе айбаш мекунад.

Сапедорҳо вақте маро мебинанд,

Ёдҳои фаромӯшашонро боз меёбанд.

Ва дили захмишон илтиёми мулоимиро эҳсос мекунад.

Маро чунон бо табиат пайванд додаанд,

Чунонки туро ба ман рӯзе деҳкадаи шоир,

Маро дарҷи дафтари сабзу ошиқонааш хоҳад кард.

Ва зани сиёҳу ҳасуди рӯзгор аз бахти бад гиребон хоҳад дарид.

Ва ман сабуку шоду озод рӯй абрҳои кӯчаки ғазал парвоз хоҳам кард.

Ва зеботарин сурудаҳои зиндаагии ошиқонаамро таҷриба хоҳам намуд.

خالده بارش — افغانستان

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *