Хомӯшак чаро баъзеҳоро намегазад?

Дар ҳавои гармо хомӯшакҳо зиёд шуда, бештар хуни инсонҳоро мемаканд. Тааҷҷубовар аст, ки чаро дар як хона якеро зиёд ва ба дигаре умуман наздик намешавад.

Дар ҳавои гармо хомӯшакҳо зиёд шуда, бештар хуни инсонҳоро мемаканд. Тааҷҷубовар аст, ки чаро дар як хона якеро зиёд ва ба дигаре умуман наздик намешавад. Ин ҳолат сабабҳои гуногун дошта, бароятон шарҳ медиҳем. 

Онҳо нафаскашии шахсро назорат мекунанд

Вақте мо ҳаворо нафас мекашем, гази карбон хориҷ мешавад. Дар ин муддат онҳо ба мақсади худ ноил мегарданд. Зеро бӯйи инсон ва ҳайвонотро аз нафасашон зуд дарк намуда, ҷойи онҳоро муайян  мекунанд.

Одамони азимҷусса гази карбонро зиёд хориҷ мекунанд. Аз ин хотир, онҳо бештар зери ҳуҷуми хомӯшакҳо мемонанд. Беҳтарин усул ин аст, ки ҳангоми дар хона нишастан ҷои шамолрасро интихоб намоед, зеро гази хориҷшуда ба ҳавои хона паҳн шуда, шуморо ба зудӣ пайдо карда наметавонанд.

Ба бӯй ва мазаи пӯстатон одат мекунанд

Пӯсти одамон бо тамъу бӯй аз якдигар фарқ мекунанд. Олимон исбот кардаанд, ки хомӯшакҳо бештар бо гурӯҳи хуни муайян ё нафаре, ки муддатҳои тӯлонӣ нӯшокиҳои спиртиро истифода накардааст, наздик мешаванд.  Онҳо  ҷойҳои сернамдоштаро барои  зиндагӣ кардан интихоб мекунанд. Ба шумо тавсия медиҳанд, ки ҷои газидаи ин ҳашаротро бо латтаи тар тоза кардан муфид аст.

Чаро ҷои газида аксуламал медиҳад?

Аксуламал нишон додани организм аз масъунияти бадан вобастагии зиёд дорад. Агар баъд аз газидан пӯстатон зиёд хориш кунад, маълум мешавад, ки шуморо бештар газидааст. Вале боқувват будани организматон ба аксуламал расидан роҳ надодааст. Ҳамаи вуҷуди одамон ба муқобили оби даҳони хомӯшак аксуламал нишон медиҳанд, ки баъзе нафарон ин ҳолатро  ва гурӯҳи дигар бо мушкилӣ паси сар мекунанд. Мутахассисони соҳа тавсия медиҳанд, ки ҳангоми аксуламали зиёд аз табҳо, яъне маводҳои доругии  зиддиаллергикӣ истифода намуда, саломатии худро аз оризаҳои баъдӣ нигоҳ доред.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *