“ХОМА” журналистикаи тоҷикро мобилӣ месозад

Журналистика шеър не, факту далел аст. Ҷаҳон дигаргун гашт ва журналистикаи муосир аз хабарнигорони тоҷик низ мобилӣ буданро талаб менамояд. Замоне, ки журналистонро ба соҳаи матбуот, телевизион ва радио ҷудо мекарданд, кайҳо гузашт. Журналисти имрӯза бояд универсалӣ бошад ва дар радифи факту далелҳо аз навтарин техникаю технологияҳои соҳаи журналистика истифода бурда, маводҳои доғи рӯз ва саривақтӣ таҳия намояд,-мегӯяд сарвари ташкилоти ҷамъиятии ХОМА Шаҳло Акобирова…

Дирӯз дар бинои Грант-отел семинари ҷамбастии хатмкунандагони курсҳои кутоҳмуддати журналистӣ барпо гашт. Чорабинро роҳбари ташкилоти ҷамъиятии ХОМА Шаҳло Акобирова ифтитоҳ намуда, ҳадафи лоиҳаро шарҳ дод, сипас 24 нафар хатмкунандагони ин курсҳои кӯтоҳмуддати хабарнигорӣ, ки аз минтақаҳои гуногуни кишвар буданд, намунаи корҳои гуруҳии худро пешкаши иштирокчиёни маҳфил гардониданд. Хабарнигорони Рашт дар гузориши омода намудаашон мавзӯӣ доғи минтақаи худ-роҳро мавриди баррасӣ қарор доданд, журналистони ҷавони бохтарӣ бошанд, мушкилоти либоси мактабӣ ва норозигии волидонро аз сифат ва нархи он ба риштаи таҳлилу бозомӯзӣ кашиданд. Бачаҳои қаламбадасти Кӯлоб садамаҳои нақлиётӣ ва паёмадҳои нохуши онро таҳлил намуда, дар гузориши хеш қайд карданд, ки дар ҳашт моҳи соли равон шумораи чунин ҳодисаҳои нохуш дар шоҳроҳи Кӯлоб-Данғара-Душанбе назар ба тамоми соли 2017 ба маротиб афзудааст. Журналистони ҷавони Хуҷандӣ мушкилоти мусофиронро пайгирӣ карда, дар бораи автобусҳои наве маълумот доданд, ки ба тозагӣ дар хатсайрҳои ин шаҳри бостонӣ ба мусофиркашонӣ шуруъ намудаанд. Насли нави хабарнигорони Бадахшониро бозичаҳои пастсифат ва зараровари Чинӣ ки саломатии атфолро зери хатар мегузоранд, ба ташвиш овардааст. Эшон дар гузориши худ ин мавзуъро матраҳ намуда, қайд карданд, ки ҳарчанд Тоҷикистон коргоҳи бозичасозӣ надорад, бозичаҳои худсохт назар ба чунин бозичаҳои пластикии Чинӣ беҳтар мебошанд. Журналистони ҷавони пойтахт ба мавзӯи рӯз-баланд рафтани нархи симкотҳо, ки ба осмони ҳафтум баромадааст, даст заданд. Дар гузориш қайд шуд, ки масъулин болоравии арзиши симкортҳоро як чораи амниятӣ меҳисобанд, вале ба 250 сомонӣ расидани нархи як симкорт боиси норозигии шадиди мардум гаштааст…
Қобили зикр аст, ки тамоми гузоришҳои журналистони ҷавони мактабҳои кӯтоҳмуддати журналистии “ХОМА” бо истифода аз техника ва технологияҳои муосири журналистӣ омада шуда, дар сатҳи касбӣ таҳия шуда буданд.

Роҳбари ташкилоти ҷамъиятии ХОМА Шаҳло Акобирова дар робита ба ин мавзуъ мегӯяд:
-Ташкил намудани барномаҳои таълимӣ як қисмати рисолати ташкилоти ҷамиятии “ХОМА” аст. Мо ягона ташкилоти журналистие ҳастем, ки бо иҷозати вазорати Маориф фаъолият мекунем ва дар доираи ин иҷозатнома ҳадафҳои мо пеш аз ҳама беҳтару хубтар ва босифат гардонидани муҳити журналистӣ дар Тоҷикистон аст. Ин барномае, ки имрӯз пешниҳоди намояндагони ВАО гашт, муарифии онҳое буд, ки аз минтақаҳо ҷалб гашта будан. Мақсади мо та рбияи насли нави журналистони тоҷик, огоҳ намудани онҳо аз меъёрҳои ахлоқию касбӣ ва шиносонидан бо технологияҳои нав ва тендерҳои нави журналистӣ мебошад. Иштирокчиёни ин лоиҳаро мо аз шаш минтақаи кишвар бо ҳамроҳии шарикони кориамон интихоб кардем. Ба ин бачаҳо устодоне сабақ гуфтанд, ки солҳои дароз дар деги журналистика ҷӯшида бо журналистикаи амалӣ сару кор доранд. Албатта 10 рӯз муддати бисёр кӯтоҳ аст, вале мо тавонистем дар ҳамин давра ба бачаҳо кор бо видео, нозукиҳои танзим, тарзи наворгирӣ ва таҳия намудани гузоришҳоро аз рӯйи меъёрҳои нави журналистика омӯзонем.

Дар идомаи суханронии хел Шаҳло Акобирова қайд кард, ки пештар журналистонро ба гурӯҳҳо, яъне матбуот, радио ва телевизион ҷудо мекарданд, вале имрӯз ин тақсимбандӣ бо талаботи замон аз байн рафтааст.
“Мо бояд журналисти унверсалӣ омода кунем, ки ҳам аз ӯҳдаи навиштан ва ҳам навор гирифтану танзим кардан ба хубӣ барояд. Пешрафти илму техника корро хеле осонтар кардааст. Журналисти муосири дигар ниёз ба қаламу коғаз надорад. Ӯ метавонад ҳатто бо кӯмаки телефони ҳамроҳи худ аз ҷойи ҳодиса гузориши фаврӣ омада намуда, навори видеоӣ бигирад, матн нависад ва пешкаши ҷомеа созад. Барои аз ҷойи ҳодиса мавод равон кардан ба журналист акнун танҳо дастрасӣ ба интернет лозим аст. Матбуоти ҷаҳон ба ана ҳамин шакл кор мекунад…”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *