Хонанда бинии омӯзгорро шикаст

Як хонандаи синфи 10-уми мактаби миёнаи №160 дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон рӯзи 24 октябр димоғи омӯзгорро шикаст. Маъмурияти мактаб дар ин ҷанҷол омӯзгорро мутаҳҳам кард. Ба гуфтаи маъмурият, хонанда танҳо худро муҳофизат кардааст.

«Ба ҷуз ин хонанда ба сару рӯи омӯзгор чанд мушти дигар задааст», — гуфт як манбаъ аз мақомоти маорифи шаҳри Тошканд.

«Баъди ин ҳодиса мо бо ширкати волидон маҷлис баргузор кардем. Бо падари хонандаи синфи 10 гуфтугӯ кардем. Хонанда аз омӯзгор узрхоҳӣ кард. Ҷанҷол бо айби омӯзгор рух додааст, хонанда танҳо худро муҳофизат кардааст», — гуфт Ирина Казакова, мудири мактаби №160.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *