Хонандаи 12 сола дар мактаб тирпарронӣ кард

Субҳи рӯзи душанбе, 18 октябр як хонандаи синфи 6-уми 12-сола аз милтиқи шикорӣ дар мактаб тирпарронӣ кардааст.

Як хонанда бо яроқи оташфишон ба мактаб омад. Ӯ тавонист як маротиба аз он ба шифт тир парронад. Ҳангоми ҳодиса дар мактаб танҳо посбон буд, вай захмӣ нашудааст «гуфт ҳамсӯҳбати оҷонсӣ ва илова намуд, ки навъи силоҳ муайян карда мешавад.

Навраси худхоҳ ҳамон замон боздошт шудааст. Айни ҳол кормандони интизомӣ сабабҳои тирандозӣ ва манбаи ба даст овардани силоҳро таҳқиқ мекунанд.

Имрӯзҳо дар тамоми макотиб зӯроварӣ яке аз ангезаҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Тавре хонандаи боздоштшуда шарҳ дод, сабаби ин амали ӯ шикоятҳои мунтазам, муносибати бади як ҳамсинф ва таъқиб будааст.

Манобеъи ин шабака гуфтаанд, хонанда то замоне, ки ӯро боздошт намуданд, дар ин миён  тавонист, ки аз карбинаи «Сайга» ду маротиба тир парронад. Муаллимон садои тирро шунидан замон ба синфхонаҳо даромада аз тарс дари синфҳоро қуфл карданд.

Бино ба гузориши РЕН ТВ ба ӯ маълум шуд,ки  тирандозӣ дар яке аз мактабҳои вилояти Перм дар деҳаи Сарс ба вуҷуд омад, ки аз ҷузъиёташ огоҳ шудааст. Маълум шуд, ки хонанда тасмим гирифтааст хашми худро бар худро болои сари  ҳамсинфон ва омӯзгоронаш бирезад.

Зимни пурсиш вай ҳамчунин изҳор дошт, ки гӯё шабона «Худоро дар хоб дидааст ва ба ӯ гуфтааст, ки чӣ кор кунад». Илова бар ин, донишҷӯ мехост бо як ҳамсинфаш бо карбин «сӯҳбат» кунад. Кӯдак аз ҷиҳати равонӣ ягон камбуд надорад.

Ӯ як кӯдаки комилан муқаррарӣ ҳисобида шуда, дар  қайди ягон муассисаи тиббӣ намебошад. Вай дар мактаб фаъол буд, рафтораш низ хуб буд.Оилааш даромади миёна дошта, ҳамаҷиҳата таъминанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *