Хонадоркунии ҷавони навбатӣ бо амри Президент
Рӯзи 7 январ дар Панҷакент тӯйи арӯсии Эмомалӣ Норов ва Шоҳина Мӯъминзода доир шуд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якуним моҳ пеш дар Табошар, вақте фаҳмид, ки Эмомалӣ Норов зан надорад, ба ҳукумати вилояти Суғд дар ин маврид амр дод ва гуфт, тӯй аз ҳисоби мо мешавад. Дар моҳҳои охир Эмомалӣ Норов дувумин ҷавон аст, ки бо дастури президент Эмомалӣ Раҳмон хонадор карда мешаванд.
Эмомалӣ Норов, як ҷавони тоҷик санаи 7-уми январи соли равон, пас аз якуним моҳи мулоқот бо президент Эмомалӣ Раҳмон оиладор шуд. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 16-уми ноябри соли 2017 пас аз ифтитоҳи корхонаи металургии ширкати саноатии кӯҳи Тоҷикистону Чин дар шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар)-и вилояти Суғд бо сокинону фаъолон ва кормандони ин корхона мулоқот доир намуда буд. Дар ин мулоқот ҳангоми суханронии мутахассиси ин корхона Эмомалӣ Норов, ки донандаи забони хитоист, Эмомалӣ Раҳмон аз ӯ дар бобати вазъи оилавиаш пурсон шуда буд. Эмомалӣ Норов дар посух гуфт, ки ҳанӯз оиладор нест…
Президент бо ишора ба роҳбарони ҳукумати вилояти Суғд амр дод, ки чунин мутахассисонро дастгирӣ намоед. «Тӯйи ӯ аз ҳисоби мо мешавад,” — таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.
Инак бо гузашти камтар аз 2 моҳ маросими ботантанаи тӯйи хонадоршавии арӯсу домод Эмомалӣ Норов ва Шоҳина Мӯъминзода, зодагони деҳаи Бедаки ҷамоати деҳоти Косатароши Панҷакент, дар яке аз тарабхонаи зебо ва барҳавои шаҳри Панҷакент бо ширкати намояндагони ҳукумати шаҳрҳои Панҷакенту Истиқлол ва корхонаи металлургии ширкати саноатии кӯҳии Тоҷикистону Хитой ва хешу пайвандони арӯсу домод баргузор шуд.
Эмомалӣ Норов 23 сол дошта ва арӯсаш 18-сола аст. Домод соли гузашта Донишкадаи кӯҳиву металлургиро ба поён оварда ва Шоҳина тоза мактаби миёнаро хатм кардааст.
Хешовандони домод мегӯянд, ҷашни хонадоршавии Эмомалӣ ва Шоҳина бо ташаббуси сарвари мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии мақомоти ҳукумати вилояти Суғд доир гардид.
Муовини аввали раиси шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода, зимни суханронии хеш навхонадоронро табрик намуда аз номи ҳукумати шаҳри Истиқлол асноди манзили 2-ҳуҷрагӣ дар шаҳри Истиқлолро ба ин ҷуфти нав тӯҳфа намуд.
Муовини директори генералии минтақаи саноатии Тоҷикистону Чин У Чун Хен ҳам орзуву таманниёти хешро ба навхонадорон баён дошта, ваъда кард, ки аз ҳисоби корхонаи металургии ширкати саноатии кӯҳии Тоҷикистону Чин, Эмомалӣ Норов барои таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ ба давлати Хитой фиристода мешавад.
Падари домод Норов Раҷабалӣ, дар сӯҳбат бо сомонаи «Ахбор» миннатдориии хешро ба роҳбарияти ҳукумати Тоҷикистон баён дошт.
Ҳунармандони шӯъбаи фарҳанги шаҳри Панҷакент базмро гарм мекарданд ва домод Эмомалӣ Норов гоҳ бо ҳамкорону гоҳ бо ҳамсинфон ва ҳамкурсонаш мерақсиду болидарӯҳ буд ва хурсандиашро пинҳон дошта наметавонист.
Эмомалӣ Норов донишкадаи кӯҳӣ — металлургиро бо ихтисоси корҳои кандании кушоди кӯҳӣ хатм намуда, корманди корхонаи металлургии ширкати саноатии кӯҳии Тоҷикистону Чин воқеъ дар шаҳри Истиқлол мебошад. Корхонаи мазкур бо харҷи 57 миллион доллари амрикоӣ бунёд гардида, иқтидори коркарди 50 000 тонна сурб дар як солро дорад. Дар ин корхона, ки моҳи ноябр ифтитоҳ ёфт, 600 нафар соҳиби ҷойи кор шудаанд.
Дар моҳҳои охир Эмомалӣ Норов дувумин ҷавон аст, ки бо дастури раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон хонадорашон мекунанд. Рӯзи 27-уми август дар тарабхонаи «Мафтуна” дар маркази шаҳри Қӯрғонтеппа тӯйи Саидшо Асроров, як сокини ноҳияи Бохтар ва арӯсаи ӯ Марҷона Худойдодова доир шуд.
Ҳамагӣ ду ҳафта пеш аз ин арӯсӣ ин ду ҷавон – яке ҳамшираи шафқат ва дигаре омӯзгори мактаб – тасаввур намекарданд, ки ба зудӣ оила барпо хоҳанд кард.
Рӯзи 16-уми август президент Эмомалӣ Раҳмон меҳмони ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Бохтар шуд.Лаҳзае, ки ӯ дар мулоқот бо фаъолону сокинони маҳаллӣ дар минбари пур аз гул нишаста буд, омӯзгори ҷавони фанни таърих дар мактаби 39-уми ноҳияи Бохтар Саидшо Асророви 23-сола назди микрофон омад. Ӯ гуфт, хушбахт аст, ки метавонад рӯбарӯ бо президент сӯҳбат карда, барои заҳматҳояш дар рушди соҳаи маориф ва тарбияи насли ҷавон ташаккур кунад. Дар суханрониаш Асроров чанд пора шеър ҳам қироат кард.
Ба дунбол Эмомалӣ Раҳмон бо ӯ кӯтоҳ суолу ҷавоб кард ва аз ҷумла пурсид, ки зан дорад ё не? Саидшо гуфт, ки ҳоло барои издивоҷ шароит надорад. Эмомалӣ Раҳмон ӯро ба назди худ хонда, як соати рӯимизӣ тӯҳфааш кард ва ба мақомоти маҳаллӣ фармон дод, ки ба хонадор кардани ин омӯзгори ҷавон кумак кунанд.
Баъди ин мақомоти ноҳияи Бохтар бо шитоб ба ҷустуҷӯи арӯс барои Саидшо Асроров пардохта, бахди ҳамагӣ 11 рӯзи мулоқоташ бо президент тӯйи арӯсии ӯ бо Марҷона (ДАР АКС)ро доир карданд.
Бознашр аз Ахбор
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ