Хонаи аркдор. Бинои таърихии Душанбе тахриб мешавад?

Сарнавишти “хонаи аркдор” дар кӯчаи Беҳзод 2 то ҳол номаълум аст. Охири моҳи июл хабаре нашр шуд, ки ин бино тахриб мешавад.

Ба гуфти яке аз сокинон, бино тибқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе тахриб ва ба ҷойи он биноҳои истиқоматии бисёрошёна бо марказҳои савдо ва хизматрасонӣ бунёд мешавад. Иморатҳои навро ҶДММ “Шаҳри зебои мо” бунёд мекунад. Тибқи иттилои ширкат, ба ҷойи “хонаи аркдор” 3 блок бинои нав бунёд шуда, дар ошёнаҳои 1 ва 2 марказҳои савдо ва хидматрасонӣ, дар таҳхона бо қарори раиси шаҳри Душанбе таваққуфгоҳҳо ҷойгир хоҳанд шуд.

Вале сокинон аз шартҳои сохтмончӣ розӣ нестанд. Геннадий Ратушенко — яке аз истиқоматкунандагони “хонаи аркдор” пешниҳоди тиҷоратии ҶДММ “Шаҳри зебои мо”-ро расонаӣ кард.

“Хариди хона — $800 барои 1 метри мураббаъ. Фурӯши фазои иловагӣ бо фарқияти $800 барои 1 метри мураббаъ. Пардохти иҷораи хонаҳо ҳангоми иваз кардани манзил — якҳуҷрагӣ ($250), дуҳуҷрагӣ ($300), сеҳуҷрагӣ ва берун аз он ($350). Муҳлати холӣ кардани иҷорахона 15 рӯз аст ва муҳлати сохтмон 2 сол”.

Ба гуфтаи суратгир ва мудири хона Геннадий Ратушенко, сокинони ин хона аз нархнома қаноатманд набуда ва ба тахриби манзил розӣ нестанд.

Ба гуфтаи муаррих Ғафур Шерматов, хона дар кӯчаи Беҳзод 2 охирин хонаи душанбегиест, ки аз рӯи тарҳи сохтмонҳои сталинӣ сохта шудааст. Арк бо панҷараи оҳанин як услуби хоси меъмории Қасри зимистонист.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *