Хонаи иҷораашонро фоҳишахона карданду….

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як зани 41-сола ва як марди 25-солаи сокини пойтахт бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона хабар дод. Ба гуфтаи мақомот, ин зану мард дар манзилҳои худ дар кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе барои алоқаи ҷинсӣ шароит фароҳам оварда, аз ду ҷуфт 200-сомонӣ мукофтпулӣ гирифтаанд.

Маркази матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 20 январ хабар дод, ки боз ду нафар дар шаҳри Душанбе бо гумони ташкил ва нигоҳ доштани фоҳишахона дастгир шудаанд.

Аз ҷумла як зани 41-солаи сокини кӯчаи Аҳмади Дониш ба он айбдор мешавад, ки «хонаи иҷора гирифтааш, воқеъ дар кӯчаи Айнии пойтахтро ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон: марди 39-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансур ва зани 23-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 200-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.”

Ҳамин тавр, мақомоти милиса як марди 25-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансурро бо айни иттиҳоми ташкил ва нигоҳ доштани фоҳишахона дастгир кардаанд. Бино ба гузориши вазорати дохила, ин мард низ «хонаи иҷора гирифтааш, воқеъ дар кӯчаи Айниро ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон: марди 32-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансур ва зани 31-солаи сокини шаҳри Ҳисор барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 200-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.”

Ба зидди ҳарду боздоштшуда парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз кардаанд ва тафтиш идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *