Хонаи мерос аз падар ва як мошин. Раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ боз чӣ дорад?
Рустам Холиқзода, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ имрӯз, 9 феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки як хонаи мерос аз падар, як мошин, панҷ фарзанд ва 11 набера дорад.
Ӯ афзуд, ки «ватани тинҷу ором, истиқлоли сартосарӣ ва Роҳбари оқилу хирадманди кишвар ҳам дороии ман аст».
Рустам Холиқзода дар гузашта ба ҳайси раиси ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ фаъолият дошт. Се соли охир муовини аввали раиси ноҳияи мавриди назар буд.
Аз моҳи январи соли 2024 раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таъин гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ